Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ВОХӮРӢ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ СУҒДИЁН

07.04.2022 14:07

 

5 апрел бо иштироки раиси ноҳия Аъзам Ализода ва сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода дар маҳаллаи Ганҷобод бо сокинони Ҷамоати Суғдиён суҳбату мулоқот доир карда шуд.

Дар ҷараёни ин вохӯрӣ раиси ноҳия ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода вобаста ба он дастуру супоришҳое, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30 марти соли 2022 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта буданд, ба самъи сокинон расонида, таъкид намуданд, ки дар шароити мураккаб гардидани авзои сиёсии кишварҳои минтақа барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ бояд ҳар порча замин оқилонаю самаранок истифода бурда шавад.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода ҳамчунин пас аз таҳлили вазъи иҷтимоии аҳолӣ, хусусан сокинони маҳаллаи навбунёди Ганҷобод ба масъулин дастур дод, ки дар наздиктарин фурсат барои васлу насби як трансформатор ва симчӯбҳои барқӣ тадбирҳои мушаххаси амалӣ андешида шавад. Инчунин ҷиҳати бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои Суғдиён ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав ба масъулин супоришҳои дахлдор дода шуд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter