Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ШИНОСОӢ БО ШАРОИТИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАИ ТОМАКТАБИИ №5-И ДЕҲОТИ ОББУРДОН

07.04.2022 14:58

 

6 апрели соли 2022 раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ва сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода аз Муассисаи таълимии томактабии №5 –и  Ҷамоати деҳоти Оббурдон дидан намуда, ба шароити таълиму тарбия дар ин муассиса шинос гардиданд.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар кӯдакистон 120 кӯдак, аз ҷумла 39 нафар духтар ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар ин муассиса ҳамагӣ 24 нафар кору фаъолият менамоянд. 

Муассисаи таълимии томактабии №5 ҳанӯз соли 1980 бунёд ёфта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар борҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ таъмир шудааст. 

Аъзам Ализода зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар ин муассиса ба масъулин дастур дод, ки барои бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла таъмири боми кӯдакистон, сохтмони бинои иловагӣ барои 40 нафар ва таъмиру азнавсозии майдони бозӣ барои кӯдакон дар соли равон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Раҳимова Гуландом мудири кӯдакистони мазкур зимни суҳбат гуфт, ки муроҷиати волидайн барои ба тарбия фаро гирифтани фарзанданашон ба маротиб афзудааст.

“Падару модарон қариб ҳар рӯз ба мо муроҷиат менамоянд. Мо барои ғунҷоиши ин қадар кӯдак ҷой надорем. Айни замон наздик ба 90 кӯдак дар навбат истодаанд. Соли 2019 мо лоиҳаи бунёди як бинои иловагӣ барои 40 нафар омада кардаем. Боварӣ дорем, ки бо дастгирии раиси ноҳия муҳтарам Аъзам Ализода бинои иловагии мо бунёд мешавад”,- иброз дошт мудири кӯдакистон Гуландом Раҳимова. 

Дар ноҳияи Мастчоҳ айни замон 13 кӯдакистон, аз ҷумла 2 кӯдакистони хусусӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо ҳамагӣ 1435 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шудаанд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter