Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

МАСТЧОҲ. АЗ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲА НАТИҶАГИРӢ ШУД

11.04.2022 12:19

 

8 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастӣ доир ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию  иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2022 баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси ноҳия Аъзам Ализода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, муовини раиси ноҳия, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва фаъолон иштирок доштанд.

Нахуст муовини аввали раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар семоҳаи якуми соли равон ҳисобот дода, афзуд, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ бо баҳрамандии комил ва рӯҳу илҳоми тоза аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаи 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун раҳнамои фаъолият ва ҳидоятномаи фардои лурахшони Ватан пешниҳод гардид, давоми  семоҳаи  якуми соли 2021 дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ба  комёбиҳои шоиста ноил шудаанд. 

Муллосоқӣ Атовуллозода зимни натиҷагирӣ аз пардохти андозҳо ва иҷроиши нақшаи буҷети ноҳия маълумот дод, ки нақшаи андозҳо дар семоҳаи якуми соли 2022 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,1 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 35 млн. 7 ҳазор сомонӣ, 35 млн. 737,7 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати нақша 730630 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 

   Нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 дар маҷмӯъ 100,4 фоиз иҷро гашта, ба ҷойи 29 млн. 73 ҳазор сомонӣ, амалан 29 млн. 214 ҳазору 291 сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 141 ҳазору 291 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин доир ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ зикр карда шуд, ки дар семоҳаи якуми соли 2022  дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия 171 адад зиёд шудааст.

“Айни ҳол дар ноҳия 7 - лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Дар ин самт, лоиҳаи «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4” ба маблағи 490,25 ҳазор доллари ИМА, лоиҳаи «Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ» ба маблағи 178 ҳазор доллари ИМА, лоиҳаи «Барномаи мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал» ба маблағи 194,1 ҳазор доллари ИМА, лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ» ба маблағи 132,03 ҳазор доллари ИМА,  лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» 690,42 ҳазор доллари ИМА, Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” маблағгузории дуюми иловагӣ 124,40 ва Лоиҳаи фавқулодда бар зидди бемории COVID-2019 148.37 ҳазор доллари ИМА амалӣ шуда истодаанд. Маблағҳои умумии дар доираи тадбиқи лоиҳаҳои мазкур дар аз худшуда 1,95 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.”,- афзуд муовини аввали раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода.

Сипас раиси ноҳия Аъзам Ализода зини таҳлили соҳаҳои кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, инчунин баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, варзиш, кор бо занон ва оила, ҷамъоварии андозҳо ба масъулин дастур дод, ки мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, нимсолаи якумро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намоянд.

Раиси ноҳия ҳамчуни доир ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба раисони ҷамоатҳоро вазифадор намуд, ки иҷроиши нақшаи даъватро пеш аз муҳлат таъмин намоянд.

Вобаста ба саривақт пардохт намудани ҳаққи хизмати обрасонӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, ноил шудан ба натиҷаҳои баланди истеҳсолӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ ва раванди созандагию бунёдкорӣ ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода барои иҷроиши нақшаҳои пешбинигардида, аз ҷумла даъвати ҳарбӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, хусусан дар байни ноболиғон, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ибрози назар намуда, изҳори боварӣ карданд, ки дар ҳамбастагӣ масъалаҳои зикршуда бартараф гардида, аҳолии ноҳия соли равонро бо комёбиҳои шоиста ҷамъбаст менамоянд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter