Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ПЕШБАРИИ НОМЗАДИИ АЪЗАМ АЛИЗОДА ВА ВАКИЛИИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ҲАЛҚИ ВИЛОЯТ

12.04.2022 09:00

 

Кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ рӯзи 8 апрели соли равон дар Конференсияи 24-уми ғайринавбатии худ номзадии раиси ноҳия Аъзам Ализодаро ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ба ҷои вакили хориҷшуда пешбарӣ кард.

Бино ба иттилои Дилшод Зокиров раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб бо қарори иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, аз 16 марти соли 2022 ваколатҳои вакил аз ҳавзаи интихоботии Бӯстон - 51 Орзугул Шарифова дар асоси аризааш пеш аз муҳлат қатъ гардида, 15 май дар ҳавзаи мазкур интихоботи миёндаврӣ муайян шудааст.

Зикр карда шуд, ки аз ин рӯ дар конференсия танҳо як масъала - пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия ва ҳамзамон  вакил аз ташкилоти ибтидоии "Маърифат” Ибодулло Оқилов зимни маърӯзаи худ аз хизматҳои шоистаи раиси ноҳия дар рушду ободии диёр ва пешрафти соҳаи маориф ёдовар шуда, афзуд ки бо ташаббусу дастгириҳои раиси ноҳия ба муасссисаҳои таълимии ноҳия мизу курсӣ, ба кӯдакистонҳо бистарҳои нав ва ба системаи муҳосиботи мактабҳои ноутбукҳои муосир дастрас гардида, ҳамзабон соҳибкорони маҳаллӣ барои таъмири синфхонаҳову биноҳои иловагии муассисаҳо ҷалб шудаанд.

Мудири шуъбаи маориф дар идомаи маърӯзаи худ бо таваҷҷуҳ ба дастгириҳои раиси ноҳия ба соҳаи пешниҳод кард, ки Аъзам Ализода  номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Бӯстон  - 51 пешбарӣ карда шавад.

Пас аз музокираҳои вакилон - Садорат Сафарова, Мулломаҳмад Давлатов ва Нарзулло Боймирзоев, ки пешниҳоди мазкурро дастгирӣ намуданд, бо овоздиҳии якдилонаи вакилон раиси ноҳия Аъзам Ализода аз ҷониби ҲХДТ  номзад ба Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд пешбарӣ карда шуд.

Фарҳод Ҷумъазода,

“Машъал”



Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter