Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ВАТАН ВА ИМОН ду мафҳуме, ки муҳаббат ва эътиқоди моро барои ҳимояи марзу буми кишвар мустаҳкаму устувор мегардонад

13.04.2022 09:05

 

Рӯй тофтан аз хизмати ҳарбӣ оини ҷавонмардӣ нест ва чунин  амалро хиёнат ба Ватан метавон арзёбӣ намуд. Аз мавқеи дини мубини Ислом саркашӣ аз ҳимояи Ватан яке аз ҳафт гуноҳони бузургтарин ба ҳисоб меравад.  Чунончи дар ин маврид Пайғамбари Худо (с.а.в) фармудаанд: “Аз ҳафт амали ҳалоккунанда иҷтиноб кунед – Ширк ба Худо ва ... гурехтан аз хизмати Ватан”

***

Ҳифзу ҳимояи Ватан дар Ислом ҷойгоҳи хос дорад ва Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми Ватани худ амр кардааст. Ҳар яки мо вазифадорем ва бароямон фарзу суннат аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем.

Дар таълимоти шариат иборае мавҷуд аст, ки дӯст доштани Ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: “Ҳуббу-л-Ватани мина-л-имон”, яъне дӯст доштани Ватан аз имон аст.

“Ҳуббу-л-Ватан” дӯст доштани Ватан аст, муҳофизати Ватан аст, хизмати Ватан аст, обод кардани он аст, садоқат ва  ростӣ аст.

Ибораи мазкурро баъзеҳо ҳадис, гурӯҳи дигар хабар ё қавл медонанд. Аммо ҳамагон дар воҷиб будани “Ҳуббу-л-Ватан” иттифоқ доранд.

Адо намудани қарзи шаҳрвандӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, ин амалӣ намудани фармудаи шариат аст. Зеро Худованд фазилати муҳофизони Ватанро дар Қуръони Карим зикр намуда, барояшон савоби беандоза муқаррар сохтааст. Ҳифзи Ватан шараф аст ва онҳое, ки хизмати Ватан – модарро адо менамоянд, баҳри зиндагии осоиштаи мову шумо шабҳо бедорхобӣ мекашанд ё дар сарҳадот аз убури ашхоси ҷиноятпеша ҷилавгирӣ мекунанд, гӯё фарзу суннатро иҷро кардаанд.

Рӯй тофтан аз хизмати ҳарбӣ оини ҷавонмардӣ нест ва чунин  амалро хиёнат ба Ватан метавон арзёбӣ намуд. Аз мавқеи дини мубини Ислом саркашӣ аз ҳимояи Ватан яке аз ҳафт гуноҳони бузургтарин ба ҳисоб меравад. Чунонки дар ин маврид Пайғамбари Худо (с.а.в) фармудаанд: “Аз ҳафт амали ҳалоккунанда иҷтиноб кунед – Ширк ба Худо ва ... гурехтан аз хизмати Ватан”

Фазилати хизмати ҳарбӣ ва ҳимояи марзу буми Ватан то ҳадде бузург аст, ки уламои дин мегӯянд, як шаб ҳимояи Ватан беҳтар аз тамоми корҳои нек ва амалҳое, ки инсон муҷиби савоб мешавад афзалтар аст, ва манзалату мақоми волои ҳомии Ватан монанди фариштагони нигаҳбон аст. Мо бояд дарки амиқ дошта бошем, ки оромиву амният ва суботи кишвар дар дасти худи мост ва мо ин арзишҳои волоро ба осонӣ ба даст наовардаем бинобарин ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебояд ин арзишҳои миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт. Пеш аз ҳама падару модаронро месазад, ин ки фарзандҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ таълиму тарбия намоянд, зеро ҷавонони ин миллат бояд ба мактаби ҷавонмардӣ бо хоҳиши худ рафта обу тоб ёфта, то дар зиндагии ояндаашон бо сабру таҳаммул бошанд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ин шараф ва номуси ҳар як ҷавони ватандӯст ва худогоҳу боимон мебошад.

Зеро дӯст доштани Ватан гӯшае аз имондорист. Аммо, баъзе аз ашхоси ноогоҳ на танҳо барои Ватан, балки барои ободии диёру дару хонаи худ саҳме нагузоштаанд, вале боз шахсиятҳои ободкору саховатманд ва онҳое, ки шабу рӯзҳо дар андешаи оромӣ ва ободии кишвари азизамон ҳастанд, тариқи сомонаҳои интернетӣ туҳмату таҳқир менамоянд.

Имом Муслим аз Пайғамбар (с.а.в) ривоят мекунанд, ки фармудаанд: “Дар охири замон якчанд ҳилагар ва дурӯғгӯ пайдо мешаванд, ҳадисҳоеро ба шумо нақл мекунанд, ки на шумо ва на падарону бобоҳоятон онҳоро нашунидаанд. Пас ҳушёр бошед ва худро аз шарри эшон нигоҳ доред, то накунад, ки гумроҳатон намуда, аз дин берунатон созанд.

Ин рӯзҳо, ки даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз шудааст, ҳар яки мо вазифадорем фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намуда ба хизмати ҳарбӣ барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон ҳидоят ва сафарбар намоем. Зеро аз нигоҳи дини Ислом ҳифзи марзу буми Ватан ҳам фарзу ҳам суннат аст.


Абдуҷаббор Мирзобеков,

сархатиби ноҳия





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter