Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ, як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад. 7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

ВОХӮРИИ РАИСИ НОҲИЯ БО ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲҲОИ ШАҲРИ ХУҶАНД

23.04.2022 08:19

 

22 апрели соли равон дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Раиси вилояти Суғд дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ раиси ноҳия доир ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва бунёди як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ дар ноҳия сухан ронда, афзуд, ки раванди бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашнҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар ноҳия бо маром идома хоҳад ёфт.

Раиси ноҳия бо таваҷҷуҳ ба таъкидҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон зикр намуд, ки ҷавонон такягоҳ ва нерӯи азиму қавӣ ва пешбарандаву пешоҳанги кишвар мебошанд.

“Мо ҳамеша бо ҷавонони ватандӯсту ватанпараст ва ободгару созандаи ноҳия ифтихор ва ба неруи бузурги онҳо такя мекунем. Умед дорем, ки ҷавонони ватандӯст пас аз хатми донишгоҳҳо баҳри пешрафту ободии диёри худ содиқона хизмат мекунанд”,- иброз дошт раиси ноҳия Аъзам Ализода. 

Раиси ноҳия ҳамчунин дар тақвияти суханони худ ба донишҷӯён таъкид намуд, ки бо баҳои хубу аъло донишгоҳро хатм намуда, мутахассиси варзида шаванд ва ба ноҳия баргарданду барои ободии диёру зодгоҳи худ саҳми арзанда гузоранд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар хусуси вазъи соҳаи маориф, мушкилоти ҷой дошта, нарасидани мутахассисон дар ташкилоту муассисаҳо, норасоии омӯзгорони фанҳои дақиқ дар мактабҳои ноҳия суханрониҳо шуд.

Дилшод Зокиров, раиси  ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ доир ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки бо бад шудани авзои сиёсии минтақа ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ як гурӯҳ донишҷӯён аз хусуси мушкилоти худ, ҷойҳои корӣ ва беҳтар кардани вазъи мусофиркашонӣ дар деҳот, таъсиси марказҳои забономӯзӣ дар ноҳия ба раиси ноҳия таклифу пешниҳодҳо карданд. 

Дар фарҷом аз ҷониби раиси ноҳияи Мастчоҳ  Аъзам Ализода ба 150 нафар донишҷӯёни фаъол, ятим ва камбизоат сипоснома ва мукофоти яквақтаинаи пулӣ тақдим карда шуд. Ҳамчунин бо дастгирии раиси ноҳия маблағи шартномаи таҳсили 4 донишҷӯе, ки дар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба тариқи шартнома таҳсил карда истодаанд, то хатми донишгоҳ ва нашри нахустин маҷмӯи ашъори як донишҷӯ аз ҳисоби фонди махсуси раиси ноҳия пардохт карда мешаванд. 

Вохӯрии раисони шаҳру навоҳии вилоят бо донишҷӯёни худ дар давоми чанд соли охир ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳамасола тибқи нақшаи махсус аз ҷониби ҳукумати вилояти Суғд вохӯрии раисони шаҳру навоҳии вилоят роҳандозӣ гардида, роҳбарони ноҳияҳо дар доираи он аз вазъи зист ва ҳолати таҳсили донишҷӯёни худ пурсон шуда, ба онҳо кумакҳои яквақтаи пулию моддӣ мерасонанд.

Айни замон дар донишгоҳҳои вилояти Суғд аз ноҳияи Мастчоҳ беш 1100 нафар дар риштаҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд, ки зиёда аз 480 нафари онро духтарон ташкил медиҳанд.

Аз ноҳияи Мастчоҳ дар донишгоҳҳои вилоят беш аз 68 нафар тариқи квотаи Президентӣ таҳсил намуда истодаанд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter