Дар ноҳияи Мастчоҳ дар доираи тадбирҳои бунёдкориву созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон коргоҳи кафшдӯзии ҶДММ “Ҳаётулло” бунёд мешавад. Дар маҳаллаи Боғи Ҷамоати деҳоти Палдорак як мактаби дуошёна барои 100 нафар хонанда дар як баст ба тариқи ҳашар бунёд мешавад. Дар ноҳияи Мастчоҳ давоми соли равон корхонаи азими истеҳсоли хишти пухта бо иқтисоли 20 млн. дона дар як сол ба кор медарояд

ВОХӮРИИ АЪЗОИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ БО ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

26.04.2022 08:15

 

25 апрели соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҷаласаи навбатии аъзои шӯрои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси ноҳия Аъзам Ализода, муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон иштирок доштанд.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки омӯзгорон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар рушди маънавии насли наврас ва тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастии ҷавонон, ба хусус хонандагон нақши муассир доранд.

Зикр карда шуд, ки бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми кишвар, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи худшиносиву ватанпарастӣ омӯзгоронро зарур аст, ки  рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд.

Комиссари ноҳия Аҳад Аҳмадзода оид ба рафти даъвати ҳарбӣ дар ҳудуди ноҳия, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, талаботҳои қонунгузории кишвар дар самти хизмати умумии ҳарбӣ ва роҳандозӣ намудани рӯзҳои дарҳои кушода дар қисмҳои низомӣ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ сухан ронд.

Сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳия Фирдавсӣ Асроров доир ба сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ сухан ронда, иброз дошт, ки омӯзгорон бояд аз аввалинҳо шуда фарзандон ва наздикони худро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб созанд.

Прокурори ноҳия Абдуллоҷон Абдуллозода ва сардори ШВКД дар ноҳия Муҳаммадӣ Қосимзода вобаста ба таълими омодагии ибтидоии дифои ҳарбӣ дар мактабҳо ибрози андеша намуда, аз омӯзгорон ва директорони муассисаҳои таълимӣ даъват ба амал оварданд, ки дар маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ фаъолона иштирок намуда, ҷавонон ва шогирдони худро ба ҳимояи марзу буми кишвар тарғибу ташвиқ намоянд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter