ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ АЪЗАМ АЛИЗОДА БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ РАМАЗОН

01.05.2022 16:38

 

Ҳамдиёрони азиз!

Фарорасии Иди Фитрро, ки ҷашни муқаддасу муборак ва суннати писандидаву маҳбуби мусулмонон мебошад, ба ҳамаи Шумо табрику таҳният гуфта, бароятон танисиҳатӣ, умри дароз, бахти баланду саодати рӯзгор ва дар хонадони ҳар яки шумо файзу баракати фаровонро таманно дорам.

Иди саиди Фитр аз ҷумлаи ҷашнҳои маънавии мардуми мусулмони мо башумор меравад, ки аз баракати Истиқлолияти давлатӣ, суботу амнияти комил ва сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешввои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо ба хушҳоливу шодии зиёд таҷлил мегардад.

Тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Моҳи Рамазон ва Иди саиди Фитр барои мардуми мусулмони мо, аз ҷумла суннатҳои муқаддаси динӣ мебошанд, зеро онҳо таҷассумгари беҳтарин арзишҳои инсонӣ – аъмоли хайру созанда, сабру таҳаммул, раҳму шавқат, поси хотири гузаштагон ва некиву накӯкорӣ шуморида мешаванд. 

Муҳимтарин фазилати Иди саиди Фитр бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол гирифтани он ба ҳисоб меравад». Мардуми мусулмони Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Фитрро бо шукронаи анҷоми яке аз фаризаҳои ислом – рӯзаи моҳи шарифи Рамазон таҷлил менамоянд. Зеро пас аз як моҳи имтиҳону омурзиш ин рӯз барои ҳамаи мусулмонон чун рӯзи хурсандиву шодӣ ва шафқату меҳрубонӣ мебошад.

Аз ин ҷиҳат, дар ин рӯзи муборак иҷрои амалҳои хайру савоб, аз ҷумла дастгирии ашхоси ниёзманд, маъюбону ятимон ва оилаҳои камбизоат бузургтарин амали солеҳ ва мақбул маҳсуб меёбад.

Саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии Ватан, махсусан иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ дар зодгоҳи худ равшантарин нишонаи имондорӣ мебошад. Чуноне, ки дар як ҳадис омадааст: «Дӯст доштани Ватан аз имон аст». Дар ин самт имрӯзҳо ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазифагузориҳои Раиси вилояти Суғд вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди садҳо иншооти таъиноти иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст ва бояд дар ин самт ҳар яки мову шумо низ саҳмгузор бошем.

Боварии комил дорам, ки сокинони ноҳия бо баҳрамандӣ аз фазилату шарофати моҳи шарифи Рамазон ва Иди саиди Фитр минъбад низ бо меҳнату заҳмати фидокорона баҳри рушду нумуи ноҳия ва таъмини зиндагии шоистаи худ саҳми шоиста мегузоранд. Бо чунин ниятҳои нек ҳар яки шумо – сокинони сарбаланду зафарманди ноҳияро бори дигар ба муносибати таҷлили Иди саиди Фитр аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва шахсан аз номи худам самимона табрик гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, саодати рӯзгор, иқболи нек ва комёбиҳои беназирро орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter