ҶАШНИ ЗАФАР МУБОРАК! Паёми табрикии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба таҷлили 77-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941- 45

07.05.2022 18:07

 

Ҳамдиёрони азиз!

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Бо камоли ифтихору эҳтиром ҳар яки Шумо ва тамоми сокинони сарбаланду заҳматқарини ноҳияро ба шарафи ҷашни фархундаи 77-солагии Рӯзи Ғалаба  дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳатию саодати рӯзгор, умри дароз, файзу иқболи нек ва тамоми хушиҳои ҷаҳонро таманно дорам.

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Иди Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи тоҷик санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.

Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд.

Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд.

Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст”.

          Шоистаи зикр аст, ки дар он солҳои душвору вазнин барори ҳифзу ҳимояи хоки муқаддаси Ватан, бобоёну падарони шуҳратмандамон, яъне ҳамдиёрони азизи мо корнамоию диловариҳои бемисл нишон додаанд. Тибқи тадқиқоти муаррихон  зиёда аз 2000 нафар ҷавонони далеру шуҷои ноҳия дар майдони набард бо гитлерчиён размида, 194 нафари онҳо дар хоки кишварҳои Россия, Украина, Белоруссия, доманаҳои кӯҳҳои Кавказ, бешазорҳои мамлакатҳои Аврупои шарқӣ чун шаҳидони озодию истиқлоли Ватан ба хоби абад фурӯ рафтаанд. Дар майдонҳои ҷанги мудҳиш, зимни амалиётҳои ҷангӣ 275 нафар иштирокчиён аз ноҳияи Мастчоҳ бедарак гардидаанд.

          Дар он солҳои муборизаву ҷоннисорӣ барои ободию озодии Ватан сокинони ноҳия мисли тамоми мардуми Тоҷикистон таҳти шиори “Ҳама чиз барои фронт-ҳама чиз барои Ғалаба” кору зиндагӣ намуда,  пайваста ба фронт маблағу маводи хӯрока, сару либос ва лавозимоти ҷангӣ равона мекарданд. Аз он ҷумла, дар он солҳо барои таъмини Ғалаба сокинони ноҳия зиёда аз 110 млн. сум маблағ, ҳазорҳо сар чорвои калону хурд ва асб, садҳо ҳазор ҷуфт либосҳои гарм фиристодаанд. Меҳнати фидокоронаи сокинони ноҳия дар ақибгоҳ низ дар таърихи ин даврон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Боиси ифтихор аст, садҳо нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баъди бозгашт ба ноҳия ва ба Дилварзини тоҷик кӯчидани мардум фидокорона заҳмат кашида, ҳамчун фотеҳони дашт барои ба боғу бӯстон табдил додани ноҳия саҳми бузургу таърихии худро гузоштаанд. Гарчанде, ки шумораи иштирокчиёну фидокорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар сол аз сол кам мегардад ва ҳоло танҳо як нафари онҳо дар ноҳия умр ба сар мебарад, аммо ҳамеша Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи собиқадорони ҷанг ғамхорию меҳрубонӣ менамояд. Ба собиқадорону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Барои мо шахсият ва корномаи падарону бобоёни шуҳратманду қаҳрамонамон дар солҳои Ҷанги Бузург Ватанӣ басо азизу мукаррам аст. Аз ин рӯ, ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Мо бояд роҳи пурифтихори тайкарда ва таҷрибаи зиндагии падаронро барои минбаъд низ устувор гардонидани аркони давлатдории навинамон, мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии Ватани азизамон, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, густариши илму фарҳанг, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва хештаншиносии наврасону ҷавонон ҳарчи бештар истифода намоем”.

Бори дигар шумо, собиқадорони муҳтарами ҷангу меҳнат ва тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихори Иди ғалаба табрику муборакбод гуфта, ба ҳар як сокини мамлакат саломатӣ, хонаи обод ва тамоми хушиҳои оламро орзу менамоям. 

         Ҷашни Зафар муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter