ТАҶЛИЛИ 77-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
9 майи соли равон дар назди Боғи фарҳангиву фароғатии “Тоҷикистон”-и ноҳияи Мастчоҳ 77-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-45 бо тантана таҷлил гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Саидамин Исомаддинзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони ҷангу меҳнат иштирок доштанд.
Нахуст раиси ноҳия бо намояндаи ҳукумати вилоят ба хотири пос доштани хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-45 дар назди муҷассамаи ёдгории “Шаҳидони ҷанг”, воқеъ дар боғи фанҳангиву фароғатии “Тоҷикистон”-и ноҳия гулчанбар гузошта, дақиқае хомӯшӣ ихтиёр карданд.
Дар маросими гулгузорӣ бар пояи муҷассамаи ёдгории “Шаҳидони ҷанг, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли зиёи ноҳия низ иштирок намуданд.
Баъдан раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни баргузории чорабинии мазкур суханронӣ намуда, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрику муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки дар он солҳои душвору вазнин барори ҳифзу ҳимояи хоки муқаддаси Ватан, бобоёну падарони шуҳратмандамон, яъне ҳамдиёрони азизи мо корнамоию диловариҳои бемисл нишон додаанд. Тибқи тадқиқоти муаррихон зиёда аз 2000 нафар ҷавонони далеру шуҷои ноҳия дар майдони набард бо гитлерчиён размида, 194 нафари онҳо дар хоки кишварҳои Русия, Украина, Белорусия, доманаҳои кӯҳҳои Кавказ, бешазорҳои мамлакатҳои Аврупои шарқӣ чун шаҳидони озодию истиқлоли Ватан ба хоби абад фурӯ рафтаанд. Дар майдонҳои ҷанги мудҳиш, зимни амалиётҳои ҷангӣ 275 нафар иштирокчиён аз ноҳияи Мастчоҳ бедарак гардидаанд.
“Дар он солҳои муборизаву ҷоннисорӣ барои ободию озодии Ватан сокинони ноҳия мисли тамоми мардуми Тоҷикистон таҳти шиори “Ҳама чиз барои фронт-ҳама чиз барои Ғалаба” кору зиндагӣ намуда, пайваста ба фронт маблағу маводи хӯрока, сару либос ва лавозимоти ҷангӣ равона мекарданд. Аз он ҷумла, дар он солҳо барои таъмини Ғалаба сокинони ноҳия зиёда аз 110 млн. сум маблағ, ҳазорҳо сар чорвои калону хурд ва асб, садҳо ҳазор ҷуфт либосҳои гарм фиристодаанд. Меҳнати фидокоронаи сокинони ноҳия дар ақибгоҳ низ дар таърихи ин даврон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст”,-иброз дошт раиси ноҳия Аъзам Ализода.
Сипас мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода паёми табрикии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонида, изҳор дошт, ки дар ин Ғалабаи оламшумул ҳиссаи ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистони азиз низ ниҳоят бузург мебошад. Зеро дар набардҳои шадиди ин ҷанг зиёда аз 300 ҳазор нафар фиристодаи Тоҷикистон шуҷоату ҷавонмардӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо дар майдонҳои ҷанг қаҳрамонона ҳалок шудаанд.
“Халқи тоҷик номи нек ва корномаи бузурги фарзандони диловари хешро ҳеҷ вақт фаромӯш нахоҳад кард, зеро қаҳрамониҳои бемисли онон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаанд. Дар шароити вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз, ки оромию осоиштагии мардуми сайёра вобаста ба таҳдиди терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ ва дигар зуҳуроти хатарноку номатлуб халалдор шуда истодааст, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад.”,-илова намуд зимни суханронӣ Саидамин Исомаддинов.
Дастагули таронаҳо ва саҳначаи тарбиявии сарояндагон ва ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ