ОИЛА – РУКНИ МУҚАДДАС ВА ПОЯИ АСОСИИ ҶОМЕА Дар ноҳияи Мастчоҳ Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта шуд

15.05.2022 11:51

 

14 майи соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ Рӯзи байналмилалии оила бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Дар ин чорабинӣ муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Зайнура Умарзода, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Дилшод Зокиров, мудири бахши Сабти асноди шаҳрвандии Тоҷикистон дар ноҳия Муқаддас Ҳикматзода, занони фаъол, донишҷӯёну омӯзгорон ва оилаҳои беҳтарин иштирок доштанд.

Нахуст муовини раиси ноҳия Зайнура Умарзода паёми шодбошии раиси ноҳия Аъзам Ализодаро ба муносибати таҷлили Рӯзи байналмилалии оила қироат намуда, афзуд ки “ташкили хонавода аз ҷумлаи ҳуқуқҳои фитрии шаҳрвандон буда, маҳз оилаи солим асоси рушду камоли шахсият ва қудрату пешрафти ҳар як миллату давлат ба шумор меравад. Чунки камолоти ҷисмонию маънавӣ, ташаккули ҷаҳонбинии ҳар як шахс аз оила сарчашма мегирад.”

“Ҳамаи мову шумо ва тамоми падарону модарони иззатманди ноҳияро лозим аст, ки барои аз овони хурдсолӣ дар рӯҳияи баланди арзишҳои ахлоқию фаҳангӣ ба камол расонидани наврасону ҷавонон пайваста саъю талош намоем. Дар оила муҳити созгору муносибро барои рушди шахсияти фарзандону пайвандон фароҳам созем. Барои саломатии аъзои хонаводаи худ, ташаккули донишу маърифати фарзандон ва ҳамчун хунарманду соҳибкасб ба камол расонидани онҳо ҳеҷ чизро дареғ надорем. Дар тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ва омода намудани ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ бо камоли масъулият муносибат намоем.”,- таъкид намуд дар идомаи суханронӣ Зайнура Умарзода.

Пас аз итмоми суханронӣ ба чаҳор кӯдаки навзод, аз ҷумла ба ду нафар дугоникҳо бо тантана шаҳодатномаи таваллуд тақдим карда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби кормандони бахши Сабти асноди шаҳрвандӣ маросими ақди никоҳи ду навҷавон аз ҷамоати Суғдиён баргузор гардид. Ҳамчунин дар чорабинӣ ба 7 оилаи намунавӣ аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ки дар тарбияи ватандӯстиву худшиносии фарзандон ва ба камол расонидани онҳо саҳми шоиста гузоштаанд, бо Сипоснома ва  туҳфаҳои раиси ноҳия қадрдонӣ карда шуданд.

Бо барномаи рангини консертии кормандони бахши фарҳанги ноҳия чорабинӣ хотирмон ҷамъбаст гардид.





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter