МАСТЧОҲ: БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАВИ МИЛЛӢ ВА ВЕЛОМАРАФОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Имрӯз, 15 майи соли равон дар маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон ба муносибати ҷашни Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳия Аъзам Ализода, кормандони сохторҳои гуногун, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорону донишҷӯён ва варзишгарон маросими Дави миллӣ баргузор гардид.
Дар оғози баргузории чорабинии мазкур раиси ноҳия Аъзам Ализода суханронӣ намуда, ҳадаф аз баргузории Дави миллиро вусъати оммавигардонии варзиш, ҷалби бештари сокинони кишвар, махсусан ҷавонону наврасон ба тарбияи ҷисмонӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи варзишгарони касбию шуҳратёр дар меҳвари сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин ҷиҳат бо мақсади таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсаднок ҷиҳати пайваста машғул шудани наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши касбӣ шароити созгори инфрасохторию ташкилӣ дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Мастчоҳ низ муҳайё гардидааст.
Мусобиқаи дави миллӣ ва веломарафон байни намояндагони се гурӯҳи синнусолӣ то 16, аз 16-сола то 40-сола ва аз 40-сола боло ҷараён гирифт, ки дар ҷамъбасти он ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дафтаи матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ