27 июн дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Мумфаршкунии роҳи автомобилгарди Бӯстон-Зарнисор идома дорад

22.06.2022 07:30

 

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди Бӯстон-Зарнисор бо дарозии 38 километр пурра мумфарш гардида истодааст.

Мумфаршкунии роҳ бо маблағгузории Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой дар ҳаҷми 75 миллион сомонӣ аз тарафи ҶДММ МКМ “Сомонӣ” идома дошта, то имрӯз 13 километр мумфарш шудааст.

Зимни шиносоии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти мумфаршкунии роҳи мазкур иттилоъ дода шуд, ки ҳамзамон дар масофаи 18 километр корҳои тахту ҳамворкунӣ ба анҷом расонида шуда, дар доираи лоиҳа 5 пули мошингузар пурра навсозӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки роҳи Бӯстон - Зарнисор даҳсолаҳо инҷониб ба таъмири пурра ниёз дошт. Бо тадбирандешиҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳи мошингард мумфарш гардида, бехатарии ҳаракат таъмин мешавад.

Айни замон зиёда аз 20 нафар роҳсозон ва техникаҳои пуриқтидор ба корҳои роҳсозӣ ҷалб гардида, ба сифати корҳо бештар таваҷҷуҳ дода мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter