ШИНОСОӢ БО КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МАРКАЗИ САЛОМАТИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ОБШОРОН

22.06.2022 08:43

 

21 июн раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ дар деҳот аз Ҷамоати деҳоти Обшорон дидан намуда, ба рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ дар Маркази саломатии ин ҷамоат аз наздик шинос шуд.

Маврид ба зикр аст, ки таъмиру азнавсозии Маркази саломатии мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷараён гирифта, дар доираи он дару тирезаҳо ба пуррагӣ нав гардида, ҳуҷраҳои табобатии он ба талаботҳои замонавӣ ҷавобгӯ хоҳанд шуд.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни шиносоӣ ба масъулин ҷиҳати босифат ба анҷом расонидани корҳои таъмиру азнавсозӣ дастуру маслиҳатҳо дода, афзуд, ки пас аз навсозӣ шудани Марказ ҳуҷраҳои он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин карда мешаванд.

Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Обшорон ҳанӯз соли 1950 ҳамчун бинои хобгоҳи шахтиёрон сохта шуда, баъдан соли 1960 пас аз муҳоҷирати масчоҳиён ба дашти Дилварзин ба сифати Беморхона дар ин минтақаи ноҳия ба фаъолият оғоз кардааст.

Маркази саломатии мазкур бори аввал аст, ки бо ибтикори раиси ноҳия Аъзам Ализода ба таври куллӣ таъмиру азнавсозӣ мешавад. Ин марказ барои 4 ҳазор аҳолии ҷамоати Обшорон хизмат мерасонад. Маркази саломатӣ аз 12 ҳуҷраи корӣ ва 2 ҳуҷраи ёрии таъҷилӣ иборат буда, дар он айни замон 13 нафар кору фаъолият мекунанд. 

Дафтари матбуоти

раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter