27 июн дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ асоси оромию осудагии халқ ва омили рушди ҷомеа

22.06.2022 08:47

 

Дар шароити кунунӣ Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ бояд ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст дар қалбу шуури хеш эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлолият талош намояд. 

****

      27 июни соли 1997 чун санаи хотирмону таърихӣ дар афкору андешаи ҳар тоҷику тоҷикистонӣ сахт нақш бастааст. Зеро дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки бо амалӣ гардидани банду рукнҳои ин санади муҳими сулҳ оташи ҷанг дар сартосари Тоҷикистон хомӯш гардид ва мардум ба зиндагии осоишта рӯ оварданд. Метавон гуфт, ин санади сарнавиштсоз мамлакатро аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ раҳо сохта, дар қалби ҳар шаҳрванди Тоҷикистон шӯълаи умед ба ояндаи некро фурӯзон гардонд.  

   Ҳарчанд амалӣ намудани банду ҷузъиёти Созишнома кори мушкил буд, аммо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо ҷасорату кордонӣ ҳар банди Созишномаро дар сартосари кишвар амалӣ гардонад. Дар муддати кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистонро таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоӣ фаро гирифт: вайронаҳо обод гардида, гурезаҳо ба Ватан баргаштанд, истеҳсолот рушд намуда, корҳои созандагию ободкорӣ оғоз гардиданд. 

   Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хотимабахши ҷанги шаҳрвандӣ, наҷотбахши миллату ватани аҷдодӣ, меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ дар миқёси ҷаҳон шинохта шуда, таҷрибаи сулҳофарии ин марди бузург мавриди омӯзиши коршиносони ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Таҳаммулпазирӣ, афв намудани гуноҳи мухолифин, дар ватани аҷдодӣ ҷамъ намудани миллати парешонгашта аз амалҳое маҳсуб меёбанд, ки обруву эътибори ин фарзонафарзанди миллатро дар байни аҳолии кишвар ва миқёси олам баланд гардонидаанд.  Сулҳу ваҳдат баҳоре гашт, ки ҳама соҳаҳои кишварро сарсабз гардонид. Аз офтоби Сулҳу Ваҳдат нуру гармӣ ба ҳар хонавода расид.

   Дар зарфи 25 соли ваҳдату ҳамдилии миллати тоҷик Тоҷикистони азизу соҳибистиқлоли мо дар ҳамаи ҷабҳаҳои хоҷагии халқ рушду нумӯъ карда, ба пешравиҳои назаррас ноил гашт.

    Ваҳдати миллӣ барои мо - тоҷикистониён хушбахтиву саодатмандӣ ва пешрафту шукуфоиҳои зиёдеро насиб гардонид. Гузашта аз ин, дар тӯли 25 соли Ваҳдати миллӣ ноҳияи Мастчоҳ низ дар қатори дигар шаҳру навоҳии кишвар дар ҳама ҷабҳаҳо рӯ ба тараққӣ овард. Бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра роҳҳои ноҳия таъмиру азнавсозӣ гардиданд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар даҳҳо корхонаҳои гуногуни саноатӣ дар ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ саҳми босазо гузоштаанд.  Дар ин давра дар дурдасттарин маҳаллаҳои ноҳия аз файзу баракати ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии мамлакат муассисаҳои таълимию томактабӣ, марказҳои саломатӣ, хонаҳои фарҳангӣ таъмиру тармим ва азнавсозӣ карда шуданд. 

Дар ноҳия корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. 

        Дар шароити кунунӣ Ваҳдати миллӣ асоси оромию осудагии халқ, кафолати инкишофи давлат ва муҳимтарин омили рушди ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ бояд ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпараст дар қалбу шуури хеш эҳсоси наҷиби ваҳдатро парвариш диҳад ва барои таҳкиму тақвияти он ҳамчун арзиши нодири милливу дастоварди бебаҳои замони истиқлолият талош намояд. 

Мавлудахон БАҲРУДДИНЗОДА,

муовинии озоди Раиси Шӯрои ноҳиявии

 Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон    




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter