ВАҲДАТИ МИЛЛӢ заминаи боэътимоди ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон

22.06.2022 08:54

 

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини халқи тоҷик рўйдоди муҳими сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб рафта, он барои рушди соҳаҳои мухталифи мамлакат ва пойдории пояи давлатдорӣ заминаи мустаҳкаме гузоштааст. Дар воқеъ, Ваҳдати миллӣ дар раванди давлатдории миллии тоҷикон дорои саҳифаи дурахшон буда, ба хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ ва оғози корҳои созандагиву бунёдкорӣ ибтидо гузошт. Дар раванди давлатдорӣ марҳилаи нави рушди бесобиқаи пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба миён омад ва сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардид. 

    Ваҳдати миллии тоҷикон мактаби иттиҳоду ягонагӣ буда, халқи тоҷик бо фарҳанги ғании сулҳоварию сулҳдӯстии худ саҳифаи онро хело бою рангин гардонидааст. Чунки хиради баланди ватандустӣ ва ояндабинии кишвар аз тарафи халқ барои расидан ба оромии кишвар қадамҳои умедбахшро ба бор овард. Имрўз ваҳдати миллӣ барои пойдории давлати тоҷикон рўз аз рўз нерўи нав зам намуда истодааст. Мардум ҳама якҷоя барои обод намудани ҳар гўшаи Ватан бо ниятҳои нек, ба хотири фардои рангин, паи заҳмату талош мебошанд. Ҳамаи корҳои созандагӣ меваи шаҳдбори истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ буда, раванди босуръати чунин иқдомҳои бунёдкорона барои боз ҳам устувор гардидани сохтори давлатдорӣ ва муттаҳидии мардум заминаи боэътимод мегузорад.

     Мавриди зикр аст, ки бо назардошти мураккаб гаштани авзои сиёсии ҷаҳон ваҳдату ягонагӣ дар масири давлатдорӣ боз ҳам мақоми баланд ва афзалияти хосро касб менамояд. Давлатҳое, ки имрўз дар дохилашон нооромӣ ва бенизомӣ ҳукмрон аст, барои ободӣ, муттаҳидӣ ва таҳкими давлатдорашон таъсири манфӣ расонида истодаанд. 

    Таҷрибаи таърихи инсоният нишон медиҳад, ки барои давлат ва миллат аз ҳама чизи муҳим ва боарзиш ваҳдату дустӣ ва ягонагӣ мебошад. Зеро ин падидаи бузург давлатро аз нестӣ ва миллатро аз парокандагӣ ҳифз менамояд. Мардумро водор месозад, ки нерўи зеҳнии худро такмил дода, дар таҳкими ваҳдат ва оромии кишвар ҳиссаи арзандаи худро дареғ надоранд. 

Дар замони муосир такмил додани зиракии сиёсӣ, ки асоси пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ мебошад, рўз аз рўз аҳамияти ба худ хосро касб намуда истодааст. Зиракии баланди сиёсӣ ифодагари мавҷудияти дарки баланди моҳияти раванди сиёсии имрўзаи ҷаҳон дар симои ҳар як шахс ба ҳисоб меравад. 

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин зикр намудаанд: «Вазъи имрўзи ҷаҳон тақозо менамояд, ки ҷавонони мо доимо ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он ҳамеша омода буда, шарафи Тоҷикистони азизамон, амнияти ҷомеаи кишвар, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии онро эҳтиёт ва ҳифз намоянд».

      Суханрониҳо ва таъкидҳои Пешвои миллат дар ин самт барои раҳнамоии ҷавонон бо роҳи дуруст ва нигоҳ доштани онҳо аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҷараёнҳои номатлуб такони ҷиддӣ мебахшад.

      Воқеан, Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ дар мавҷудияти давлатдории миллии тоҷикон заминаи боэътимоди ҳуқуқиву сиёсӣ гузошта, ба идомаи минбаъдаи он асос гардиданд. Миллати тоҷик бо чунин дастовардҳо, инчунин ба ҳазорҳо нақшаҳои бузурги дурнамои давлат ноил гардиданд, ки саҳми онҳо дар ҳифзи  истиқлолият ва ваҳдати миллӣ назаррас мебошад.


Ҳумоюн Раҳмонзода,

ёрдамчии прокурори ноҳияи Мастчоҳ,

ҳуқуқшиноси дараҷаи 2




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter