27 июн дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ноҳияи Мастчоҳ як маркази табобатӣ ва нобудсозии ангалҳо (порозитҳо) ба фаъолият оғоз кард

23.06.2022 15:48

 

Дар ноҳияи Мастчоҳ як маркази табобатии бекирмгардонӣ ба фаъолият оғоз кард. Ин марказ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Суҳроб Ҷумъаев таъсис ёфта, бо мақсади табобати бемориҳои паразитӣ роҳандозӣ гардидааст.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода маркази мазкурро ифтитоҳ намуда, фаъолияти онро бисёр муфид ва дар айни замон барои пешгирии баъзе бемориҳое, ки ангезандаашон ангалҳо (паразитҳо) мебошад, саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Гуфта мешавад самти фаъолияти маркази табобатии мазкур асосан нобуд сохтани кирмҳо аз вуҷуди беморон буда, табобати он бо усули гиёҳдармонӣ сурат мегирад.

Бо таъсиси ин маркази табобатӣ айни замон 3 нафар табиб бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд. Дар марказ шароит ва имкониятҳои хуб барои табобат фароҳам оварда шудааст.

Суҳроб Ҷумъаев, директори ҶДММ “Маркази табобатии бекирмгардонӣ” зимни суҳбат гуфт, барои табобат ва нобуд кардани кирмҳо мутахассони варзида аз шаҳри Душанбе ба кор ҷалб шудаанд.

“Айни ҳол дар маркази табобатии мо 3 нафар мутахассис ба кор ҷалб шудааст, ки самти фаъолияташон танҳо нобуд сохтани порозитҳо аз вуҷуди беморон аст. Табобати мо бо усули гиёҳдармонӣ сурат мегирад. Муддати табобат се рӯз мебошад. Муроҷиати беморон ба табобатгоҳи мо кам нест, аз рӯзи фаъолият натиҷа хуб аст. Шаҳрвандон шикояте надоранд. Дар маркази мо табобат асосан бо усули гиёҳдармонӣ сурат мегирад. Мо нақша дорем дар оянда боз самти фаъолиятамро васеътар кунем, яъне ташхисгоҳ боз кунем, нуқтаи физиотерапия ва муоинаи бемориҳои занонаро низ ба роҳ монем. Бо даст додани ин имконият, албатта сафи кормандонамонро ҳам аз ҳисоби мутахассисони варзида зиёд мекунем”,- мегӯяд Суҳроб Ҷумъаев.

Дар ноҳияи Мастчоҳ ин табобатгоҳ ягона маркази хусусие, мебошад, ки барои нобудсозии кирмҳо аз вуҷуди беморон ба фаъолият оғоз кардааст. 


Фарҳод Ҷумъазода,

“Машъал”





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter