БОЗДИД АЗ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ВА НАШЪУ НАМОИ НИҲОЛИ ПАХТА

04.07.2022 08:25

 

1 июли соли равон тибқи супориши раиси ноҳия Аъзам Ализода бо мақсади шиносоӣ аз вазъи соҳаи кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии пахтакори ноҳия, нашъу намои ниҳоли пахта, кишти такрории зироатҳо ва ҳолати обёриву обтаъминкунӣ заминҳо сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Нарзулло Боймирзоев аз якчанд хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Палдорак, Оббурдон ва Мастчоҳ боздид ба амал оварда, бо кишоварзон суҳбатҳои муфиди сарироҳӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни шиносоӣ аз вазъи корҳои саҳроӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии “10-солагии Истиқлолият”, “Камодон”, “Ҳасан Ҳусейн”, “Каримдод”-и Ҷамоати деҳоти Оббурдон ва “Паймон”, “Табаспин”, “Мирзонабот” ва “Сӯфизода” -и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ дидан намуда, ба нашъу намои ниҳоли пахта дар ин хоҷагиҳо аз наздик шинос шуд. Зимни шиносоӣ дар хоҷагии деҳқонии мазкур маълум гардид, ки нашъу намои ниҳоли пахта дар ин хоҷагиҳо хуб буда, ҳар ниҳоли он аз 7-8 то 10-12 дона кӯрак бастааст.

Нарзулло Боймирзоев, сардори Раёсати кишоварзии ноҳия зимни шиносоӣ аз нашъу намои ниҳолҳои пахта дар хоҷагиҳои деҳқонии зикршуда ба кишоварзон дастуру маслиҳатҳои муфид дода, афзуд, ки то расидани ҳосил кӯракҳои пахтаро аз ҳашароти зараррасон ҳифз кунанд.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо тибқи мушоҳида маълум гардидааст, ки дар аксари хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор кирми ғӯза пайдо шуда, ба ҳосили пахта, хусусан ба кӯраки он зарар оварда истодааст.

Изҳорӣ боварӣ карда шуд, ки кишоварзон аз рӯи маслиҳати мутахассисони соҳаи кишоварзӣ амал намуда, бо ин ҳашароти зиёновар мубориза бурда, ҳосили пахтаро аз талафёбӣ ҳифз мекунанд.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter