ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ АЪЗАМ АЛИЗОДА БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ИДИ ҚУРБОН
Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтирому ихлос ва самимияти бепоён ҳамаи шумо ва тамоми сокинони ноҳияро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам ба фарорасии Иди саиди Қурбон табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию саодати рӯзгор, бахту иқбол ва файзу баракати зиндагиро таманно дорам!
Мардуми шарифи Тоҷикистони маҳбубамон бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботу амнияти комил ва сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суннату маросим ва анъанаҳои миллию мазҳабии худ, аз ҷумла Иди шарифи Қурбонро ҳамасола бо тамоми арконаш таҷлил менамоянд.
Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Мардуми мусулмони мо Иди саиди Қурбонро ҳамчун суннати меҳру шафқат ва тараҳҳуму ҳамбастагӣ гиромӣ медоранд.
Мо – шаҳрвандони Тоҷикистон шукр мекунем, ки иди Қурбон ва дигар маросиму ҷашнҳои милливу диниро дар фазои истиқлолу озодӣ ва амнияту оромӣ, ки бузургтарин дастоварди мардумамон мебошад, таҷлил мекунем.
Дар робита ба ин, хотирнишон менамоям, ки дар фарҳанги исломӣ андешаҳои эҳсону накӯкорӣ, ҳусни муошират бо аҳли хонадон, муҳаббату хайрхоҳӣ ба наздикону пайвандон, мурувват ва муомилаи нек бо ҳамсояҳову дӯстон, дилсӯзиву ғамхорӣ ба беморону ниёзмандон ва ёди хайр аз гузаштагон мақоми баланд доранд.
Ҳамчунин, омӯзиши илму маърифат, заҳматдӯстиву ободкорӣ, сабру таҳаммул ва дигар арзишҳои неку созанда аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҳаётӣ мебошанд, ки дар таълимоти дини мубини ислом ба онҳо эътибори зиёд дода шудааст.
Маънӣ ва фалсафаи иди Қурбон ба қадри якдигар расидан, ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо овардан ва ба ҳамдигар дилсӯзу ғамхор будан аст”.
Аз ин ҷиҳат, ҳамаи моро лозим аст, ки бо дарки амиқи моҳияти маънавӣ, ахлоқӣ ва тарбиявию фалсафии Иди Қурбон ва дигар маросиму анъанаҳои неки миллию мазҳабиамон барои иҷрои амалҳои хайру савоб саъю талош намоем. Пеш аз ҳама Ватани худро сидқан дӯст дорем, барои ободии диёрамон софдилона заҳмат кашем. Барои донишомӯзӣ ва тарбияи шоистаи фарзандони худ пайваста талош намоем. Дастуру ҳидоятҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллатро бо сифати баланд иҷро карда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими амният, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва вусъати раванди созандагию бунёдкории Ватани азизамон сидқан саҳмгузорӣ намоем. Ҳамдигарро дастгирӣ кунем. Ба исрофкорӣ роҳ надиҳем ва дар татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” намунаи ибрат бошем.
Тавре, ки дар Паёми табрикотии имсолаи Пешвои муаззами миллат бахшида ба таҷлили Иди Қурбон омадааст: “Имрӯзҳо дар кишварамон давраи ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ ва захираи маҳсулот идома дорад.
Бинобар ин, зарур аст, ки вақтро ғанимат дониста, кишти такрориро боз ҳам вусъат бахшем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем ва ба масъалаи захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила эътибори ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем, то мардумамон дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода ба мушкилӣ дучор нашаванд ва танқисиву муҳтоҷӣ накашанд”.
Бо умеди тантанаи бахту саодат, хайру баракат ва иқболи нек дар ҳар як хонадони Тоҷикистони азизамон, ман ҳамаи Шумо ва тамоми сокинони ноњияро ба муносибати Иди саиди Ќурбон табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатию рӯзгори хуррам ва сарбаландию комёбиҳои беназирро орзумандам.
Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!