НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАС ДАР ШАШ МОҲ: АЗ ИҶРОИШИ АНДОЗҲО ТО ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ

08.07.2022 16:54

 

8 июли соли равон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар нимсолаи аввали соли 2022 баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси ноҳия Аъзам Ализода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода, раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд  Тоҳир Толибзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо ва мудирону роҳбарони сохторҳои гуногун иштирок доштанд.

Нахуст муовини аввали раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли 2022 ҳисобот дода, афзуд, ки дар ин давра сокинони шарафманди ноҳия ба дастовардҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гардидаанд.

Вобаста ба иҷроиши қисми даромади буҷети ноҳия зикр карда шуд, ки нақшаи андозҳо дар нимсолаи якуми соли 2022 бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 73 млн. 58 ҳазор сомонӣ, 73 млн. 755 ҳазор сомонӣ маблағи андозҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати нақша 697 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 

Нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 дар маҷмӯъ 101,5 фоиз иҷро гашта, ба ҷойи 60 млн. 674 ҳазор сомонӣ, амалан 61 млн. 593 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 919 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар робита ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ зикр карда шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2022 шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия 6302 ададро ташкил медиҳанд. Дар нимсолаи якуми соли 2022 аз тарафи нозироти андоз 785 нафар соҳибкорони инфиродӣ бо патент ва 321 нафар соҳибкорон бо шаҳодатномаи андозбандӣ ҷалб гардида, 570 шахси ҳуқуқӣ ва 4626 хоҷагии деҳқонӣ аз нав ба қайд гирифта шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. 

Айни замон дар миқёси ноҳия 7 адад лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд. Дар ин самт лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо – марҳилаи 4” ба маблағи 544,66 ҳазор доллари ИМА, “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ”, 378,67 ҳазор доллари ИМА, лоиҳаи “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ” 251,77 ҳазор доллари ИМА, лоиҳаи “Барномаи мутобиқшавӣ ва тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзаи баҳри Арал” 194,1 ҳазор доллари ИМА, лоиҳаи “Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ” ба маблағи 133,8 ҳазор доллари ИМА, лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ – техникӣ ва омӯзиш” ба маблағи 690,42 ҳазор доллари ИМА ва лоиҳаи фавқуллода бар зидди бемории КОВИД-19 ба маблағи 156,7 ҳазор доллари ИМА амалӣ шуда истодаанд. Маблағҳои умумии дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар ноҳия азхудшуда 2,12 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. 

Вобаста ба ҳадафи чаҳоруми стратегии кишвар – рушди босуръати саноатикунонӣ таъкид гардид, ки корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2022 ба маблағи 67 млн. 164 ҳазору 100 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба  ҳамин давраи соли гузашта 259 ҳазору 300 сомонӣ зиёд буда, 100,4 фоизро дарбар мегирад. 

Корхонаҳои саноатӣ дар ин давра дар шакли асл 138 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 208,3 тонна маҳсулоти ширӣ, маҳсулотҳо аз чӯб ва халтаҳои полиэтиленӣ истеҳсол намудаанд.

Давоми нимсолаи якуми соли 2022 дар ноҳия гардиши савдои чакана  164 млн. 435 ҳазор сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба хамин давраи соли гузашта зиёд мебошад, ки 108,9 фоизро дар бар мегирад.

Муовини аввали раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода дар идома доир ба рушди энергетика, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмон, рушди инфрасохтор ва нақлиёт, рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, инчунин оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маълумот дода, афзуд ки нишондиҳандаҳо дар ин самт дар шаш моҳи солди равон низ назаррас мебошанд.

Сипас раиси ноҳия Аъзам Ализода ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия дастур дод, ки то анҷоми соли равон барои иҷроиши барномаи мазкур тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Ҳамчунин раиси ноҳия дар идомаи ҷаласа аз сардори Раёсати кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони Ассотсиатсияҳои истифодабардангони об, раиси Кумитаи идораи замини ва дигар шахсони масъул доир ба кишти такрории заминҳо, пардохти ҳаққи истифодабарии об, пешгирии зироатҳо аз ҳашароти зараррасон пурсиш ба амал оварда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, фаъолияти гармхонаҳо ва сифатан иҷро намудани кишти такрорӣ дастуру вазифагузориҳо намуд.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ ҳамчунин комиссари ҳарбии ноҳия Аҳад Аҳмадзода ва сардори нозироти андоз Асириддин Ҳасанов вобаста ба омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва иҷроиши нақшаи ҷамъоварии андозҳо ҳисобот доданд.

Таъкид карда шуд, ки барои роҳ надодан ба кашолкориҳо ва сари вақт ба иҷро расонидани нақшаҳои пешбинишуда роҳбарон дар ин самт корро ҷоннок намоянд.

Сипас дар поёни маҷлиси ҷамъбастӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Тоҳир Толибзода доир ба он дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 18.06.2022 сол дар маҷлиси фаъолон дар шаҳра Данғараи вилояти Хатлон бо роҳбарони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ баён доштанд, ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки барои сазовар истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5-солаги рушди босуръати саноатикунонии кишвар ва истифодаи оқилонаю самараноки ҳар ваҷаб замин содиқона хизмат намоем.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода дар поёни маҷлис вобаста ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, вусъати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла тамоюлҳои бегонапарастӣ ва пешгирии сокинон, аз ҷумла ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ, баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҷомеа ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. 

Таъкид гардид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Мастчоҳ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки зимни сафарҳои корӣ ва мулоқотҳояшон бо фаъолони мамлакат баён мегарданд, сармашқи корӣ худ намуда, барои иҷроиши саривақтии онҳо кўшиш менамояд.

Дафтари матбуоти

раиси ноҳияи Мастчоҳ





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter