МУАССИСАҲОИ ТИББИИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ СОҲИБИ ДУ АДАД МОШИНИ ЁРИИ ТАЪҶИЛӢ ШУДАНД

16.07.2022 17:14

 

Муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Мастчоҳ соҳиби боз ду адад мошини ёрии таъҷилии нав шуданд. Ин кумакҳо бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ», ки таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ магардад, дастрасии муассисаҳои КАТС-и ноҳия шудаанд.

Гуфта мешавад нақлиёти ёрии таъҷилӣ сохти давлати Кореяи Ҷанубӣ буда, дар дохилаш дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ, аз қабили сабти барқии дил (ЭКГ), дефиблятор (дастгоҳи барқии таҳрикдиҳандаи кори дил), дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ бо ду балони оксиген ва ғайра насб шуда, кафолати беҳтару бештари хизматрасонии тиббӣ таъмин гардидааст.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни қабули мошинҳо дар назди Маркази саломатии ноҳия аз дастгириҳо ва кумакҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи тибби ноҳия ёдовар шуда, ба роҳбарияти КАТС барои боз ҳам беҳтар намудани хитматрасонии аввалияи тиббӣ дар деҳоти дурдаст ва саривақт расонидани ёрии аввалия ба беморон дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Соҳаи тандурустӣ ҳамчун соҳаи муҳиму афзалиятнок дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар даврони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешравиҳои зиёду назаррас ноил гардидааст.

Чанде пеш бо дастгириии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ як адад мошини ёрии таҳҷилии нав ва беш аз 60 номгӯи таҷҳизот, доруворӣ ва дигар воситаҳо барои муоилаҷаи беморон дастрас гардида буд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва кулли кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамолиддин Абдуллозода барои дастгирӣ ва таъмини ду адад мошини ёрии таъҷилии нав ба муассисаҳои тиббӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён медоранд.

Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter