ОҒОЗИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МАРКАЗИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВБАҲОР
Дар доираи корҳои созандагиву бунёдкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ба пешвози ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ободонии роҳҳои маҳаллӣ бомаром идома доранд.
20 июл раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба корҳои мумфаршкунии роҳи марказии Ҷамоати деҳоти Навбаҳор оғоз бахшида, афзуд, ки ин иқдом тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгириву кумакҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ карда мешавад.
Дарозии роҳи мумфаршшаванда беш аз 1300 метр ва паҳноии он 6 метр буда, бо мумфарш шудани роҳ орзуи деринаи сокинони ҷамоат амалӣ хоҳад шуд. Роҳи мазкур ҳанӯз соли 1980 сохта шуда, солҳои зиёд рӯи таъмирро надида, бисёре аз қисматҳои он харобу валангор гардидааст.
Раиси ноҳия дар маросими оғози корҳои роҳсозӣ бо ёдоварӣ аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат, кумакҳои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, хусусан Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати беҳтарсозии шароити зисти мардум ва ободонии роҳҳо иброз дошт, ки дар ноҳия мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аъзам Ализода ҳамзамон барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Сокинони ҷамоат барои иҷрои кори нек ва мумфаршсозии роҳи мазкур ба Сарвари давлат, раиси вилояти Суғд ва роҳбарияти ноҳия сипосу миннатдории худро баён намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ