ШИНОСОӢ БО ҲОЛАТИ ИНШООТИ ОБРАСОНӢ
20 июли соли равон раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо мақсади шиносоӣ аз ҳолати хизматрасонии оби полезӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор аз канали Р-12 дидан карда, бо масълуни Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об суҳбатҳои сарироҳӣ анҷом дод.
Зимни шиносоӣ аз вазъи обрасонӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор, ки дар асоси шартнома аз канали Р-12 об дастрас мекунанд, маълум гардид, ки дар ин минтақа асосан ба хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати деҳоти Палдорак обёрӣ карда мешавад.
Раиси ноҳия дар робита ба дастрасии оби полезӣ ба масъулин дастур дод, ки ба он хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар ин минтақа бо Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об шартномаи хизматрасонӣ бастаанд, тақсимоти об одилона сурат гирифта, ҳамзамон маблағи истифодабарии об рӯёнида шавад.
Маврид ба зикр аст, ки канали Р-12, ки сарчашмаи он бузургтарин иншоооти обрасонии ноҳия – канали “Тоҷикистон” мебошад, беш аз 10 ҳазор метр дарозӣ дошта, айни замон зиёда аз 180 хоҷагии деҳқонӣ, ки дар мувозинаташон 512 гектар замин мебошад, тибқи шартнома об дастрас мекунанд.
Канали “Тоҷикистон” (пештар “Тоҷикистони советӣ”) ягона бузургтарин шабакаи обрасонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ маҳсуб мешавад, ки тавассути он заминҳои кишоварзии ноҳия обёрӣ мешаванд. Канали "Тоҷикистон" 43, 6 км дарозӣ дошта, он охирҳои солҳои 50-уми асри гузашта бунёд гардидааст. Ғунҷоиши обгузаронии он 44 ҳазор метр куб дар як сония мебошад.
Қобили қайд аст, ки имрўзҳо дар ноҳия 56 адад дастгоҳҳои обкашӣ ба таври мураттаб кор карда, ҳамзамон ба 22500 гектар заминҳои корами бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ об мерасонанд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ