Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ
Дар ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуда, барои ҷамъоварии ҳосили пухтарасида ва гузаронидани кишти такрорӣ ба масъулин супоришҳо дод.
Раиси вилоят рафти ҷамъоварии полезиҳо, нашъунамои пахта, чормағзи заминӣ ва гузаронидани кишти такрориро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.
Чуноне иттилоъ дода шуд, кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолияти пурсамар доранд.
Дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳия барои ҳосили соли 2022 дар майдони 23121 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он 2733 гектарашро ғалладонагиҳо, 12582 гектар пахта, 1773 гектар зироатҳои равғандор, 101 гектар картошка, 172 гектар сабзавот, 1695 гектар полезӣ ва 4065 гектарашро зироатҳои хўроки чорво ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки дар баробари кишту кор кишоварзони ноҳия парвариш ва нигоҳубини зироатҳои кишоварзиро дар асоси талаботи агротехникӣ роҳандозӣ намуда, ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли равон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 8966 тонна ғалладонагӣ, 3165,6 тонна картошка, 5054 тонна сабзавот, 10841 тонна полезӣ, 856,4 тонна мева истеҳсол карда шуд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 100 то 139 фоизро ташкил медиҳад.
Дар умум, маҷмўи маҳсулоти умумии соҳаи кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба 258 млн 245 ҳазор сомонӣ расонида шуд.
Дар ноҳия кори мураттаби 56 адад дастгоҳҳои обкашӣ таъмин буда, 22500 гектар заминҳои корами бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ бо оби полезӣ таъмин аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд