БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СУЛАЙМОН ЗИЁЗОДА АЗ НАШЪУНАМОИ ПАХТА ВА КИШТИ ТАКРОРИИ ЗИРОАТҲО

26.07.2022 17:51

 

26 июли соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар доираи сафари кории худ ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз ноҳияи Мастчоҳ боздид карда, ба рафти ҷамъоварии полезиҳо, нашъунамои пахта, чормағзи заминӣ ва кишти такрорӣ аз наздик шинос шуд.

Зимни сафари кории худ ба ноҳияи Мастчоҳ Сулаймон Зиёзода аз ҷумла аз хоҷагиҳои деҳқонии “Холи Ашӯр” ва “Лангар”-и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ, “Резгиф”-и Ҷамоати деҳоти Оббурдон ва хоҷагиҳои деҳқонии “Манучеҳр” ва “Ардашер”-и Ҷамоати деҳоти Палдорак дидан намуда, барои ҷамъоварии ҳосили пухтарасида, тақвияти кишти такрорӣ ва пешгирии зироатҳо аз ҳуҷуми ҳашароти зараррасон дастуру маслиҳатҳои муфид дод.

Маврид ба зикр аст, ки кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Дар бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии ноҳия барои ҳосили соли 2022 дар майдони 23121 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шуд, ки аз он 2733 гектарашро ғалладонагиҳо, 12582 гектар пахта, 1773 гектар зироатҳои равғандор, 101 гектар картошка, 172 гектар сабзавот, 1695 гектар полезӣ ва 4065 гектарашро зироатҳои хўроки чорво ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар баробари кишту кор кишоварзони ноҳия парвариш ва нигоҳубини зироатҳои кишоварзиро дар асоси талаботи агротехникӣ роҳандозӣ намуда, ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли равон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ҳаҷми 8966 тонна ғалладонагӣ,  3165,6 тонна картошка, 5054 тонна сабзавот, 10841 тонна полезӣ, 856,4 тонна мева истеҳсол карда шуд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 100 то 139 фоизро ташкил медиҳад.

Дар умум, маҷмўи маҳсулоти умумии соҳаи кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли равон ба 258 млн 245 ҳазор сомонӣ расонида шуд.  

Дар ноҳия кори мураттаби 56 адад дастгоҳҳои обкашӣ таъмин буда, 22500 гектар заминҳои корами бахши хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ бо оби полезӣ таъмин аст.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter