ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПАЛДОРАК НАЗДИК БА 1 КМ РОҲ МУМФАРШ МЕШАВАД

27.07.2022 10:18

 

Дар доираи корҳои бунёдкориву созандагии ноҳияи Мастчоҳ ба истиқболи ҷашни 30- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Палдорак наздик ба 1 км роҳ мумфарш карда мешавад.

Раиси Ҷамоати деҳоти Палдорак Воҳидҷон Раҳматов дар суҳбат бо хабарнигори рӯзномаи “Машъал” гуфт, ин иқдом бо дастгирӣ ва ташаббуси раиси ноҳия амалӣ мегардад:

 “Роҳе, ки мумфарш мешавад дар кӯчаи ба номи Зиннатмоҳ Ҳасанова қарор дошта, наздик ба 1 км дарозӣ дорад. Аллакай корҳои тахту ҳамворкунӣ дар роҳи мазкур оғоз гардидааст. Ин роҳ бо 50 фоиз саҳми сокинони кӯча ва 50 фисад саҳми маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия мумфарш мешавад. Мо нақша дорем, ки давоми соли равон кӯчаи ба номи А. Шомуродов ҷамоатро низ мумфарш намоем. Ҳамин тавр роҳҳои ҳудуди ҷамоат бо дастгирии ҳукумати ноҳия ва шахсони саховатпешаву хайрҳоҳ марҳила ба марҳила ба пуррагӣ мумфарш хоҳанд шуд”, - изҳор дошт раиси ҷамоат Раҳматов Воҳидҷон.

Дар доираи корҳои ободонии роҳҳо дар давоми як панҷсолаи охир зиёда аз 5 км роҳҳои маҳаллии Ҷамоати деҳоти Палдорак мумфарш гардидаанд. Чанде пеш бо маблағгузории ҳукумати вилояти Суғд беш аз 5 км роҳи маҳаллаи Навободи Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ мумфарш карда шуд. Ҳафтаи гузашта бо дастгии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мумфаршкунии зиёда аз 1300 метр роҳи марказии Ҷамоати деҳоти  Навбаҳор низ оғоз гардид.

Фарҳод Ҷумъазода,

“Машъал” 




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter