Номаи табрикии раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ
Муҳтарам кормандони хадамоти оташнишонӣ!
Ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30-юми июл ҳамчун Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ таҷлил мегардад. Таҷлили ин санаи фархунда гувоҳи равшани қадршиносию эҳтиром ва арҷгузории Ҳукумати мамлакат ва аҳли ҷомеа аз заҳмати фидокоронаи кормандони соҳаи мазкур ба шумор меравад.
Шоистаи зикр аст, ки хадамоти давлатии оташнишонӣ 94 сол муқаддам таъсис ёфта, нақши ин мақомот дар таъмини ҳифзи одамон, молу мулки онҳо, моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз сӯхтор хеле бузург мебошад. Дар даврони Истиқлолият бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти оташнишонӣ рушду такомул ёфт. Дар шаҳру ноҳияҳои дурдасти мамлакат, ки қаблан дар онҳо қисмҳои оташнишонӣ мавҷуд набуданд, қисмҳои замонавии оташнишонӣ таъсис дода шуда, барои фаъолияти босамари кормандони соҳа тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Пояи моддӣ-техникии соҳа низ дар даврони Истиқлолият дубора рушд намуда, бо муосиртарин нақлиёти оташнишонӣ ва дигар таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ба пуррагӣ таъмин гардидааст. Бо дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бинои нави Хадамоти давлатии оташнишонӣ қомат афрохтааст, ки рӯзҳои наздик он расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Боиси таъкид аст, ки касби оташнишонӣ басо касби пурмашаққату пуршараф буда, кормандони ин соҳа ҳамарӯза баҳри аз сӯхтор эмин нигоҳ доштани молу амвол ва ҳаёти инсон мубориза мебаранд ва баҳри таъмини амнияти шаҳрвандон ва молу мулки онҳо ҳаёти хешро дареғ намедоранд. Дар ин самт фаъолияти кормандони қисми мустақили 63-юми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳия басо ибратомӯз мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ тамоми кормандони оташнишонии ноҳияро бори дигар ба муносибати Рӯзи касбиашон табрику муборакбод гуфта, барояшон тансиҳатию умри дароз, бахту саодати рӯзгор, файзу баракати бешумор ва дар ҷодаи фаъолияти пуршарафу ватандӯстонаатон барору пешравӣ ва комёбиҳои нав ба навро таманно дорад!
Рӯзи касбии кормандони хадамоти оташнишонӣ муборак!