ҚАҲРАМОНИ ЗАҲМАТ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
Аъзам АЛИЗОДА
Раиси ноҳияи Мастчоҳ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ зимни ифтитоҳи варзишгоҳи муҳташами марказӣ дар шаҳраки Бӯстони ноҳия бори дигар аз корнамоии мардуми ноҳия дар фатҳи Дилварзин ва ба макони сабзу хуррам табдил додани он ёдовар шуда, аз он ҷумла чунин таъкид намуданд: “Мехоҳам хотиррасон созам, ки ноҳияи Мастчоҳ аз оғози солҳои 60-уми асри гузашта дар тафаккури мардуми Тоҷикистон чун майдони ҷасорату мардонагии халқамон ҷой гирифтааст.
Зеро он замон ин мавзеъ ғайр аз офтоби сӯзони болои сар ва дашти ташналаб чизе надошт.
Падару модарони наслҳои имрӯза, ки аз диёри кӯҳистони сабзу обод ба ин мавзеъ омада, барои ободии он камар баста буданд, дашти ташналаби Дилварзинро обод ва чӯлистони беобу сӯзонро ба гулистон табдил доданд.
Имрӯз ман дар симои ҷавонони паҳлавонсурату қаҳрамонсират ва бонувони мастчоҳӣ чеҳраҳои ҳамон абармардони заҳматнописанду занони нуронии кӯҳистониро мебинам, ки анъанаҳои аҷдоди шарафманди хешро дар тақвияти корҳои ободониву созандагӣ бо ғайрати ватандӯстона идома медиҳанд”.
Воқеан корнамоии мардуми Мастчоҳ барои аз худ кардан ва фатҳи дашти ташналаби Дилварзин намунаи олии хизмат ба халқу Ватан буда, дар ин самт нақши фотеҳони аввал хеле бузург аст. Маҳз, дар натиҷаи фаъолияти шоистаи фотеҳони аввалину ҷонфидои дашти Дилварзин мардуми ноҳия ин маконро ба боғу бӯстон табдил доданд, ки дар ин ҷода номи мунири иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шодравон Наврӯз Раҷабов мақоми баланд дорад. Имсол аз таваллуди ин марди бузург 100 сол сипарӣ гардид, ки таҷлили шоиста аз ин санаи фархунда ифтихори ҳар як сокини ноҳия мебошад. Вақте, мо саҳифаи китоби умри ин марди шарифро варақгардон месозем, пеши назари мо шахсе ҷилвагар мешавад, ки бо сурати сирати баҳодурона, ҷиддияту салобат, тамкину ҷасорат намунаи инсони сарбаланд, яъне мастчоҳии тоҷик падидор мегардад.
Корнамоӣ ва фаъолияти шоистаи Наврӯз Раҷабов саҳифаҳои дурахшони таърихи диёри файзбори Мастчоҳ ва мардуми Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Наврӯз Раҷабов сад сол муқаддам, дар баҳори соли 1922, аниқтараш дар рӯзҳои таҷлили ҷашни фархундаи ниёгонамон – Наврӯзи оламафрӯз дар деҳаи Эсизи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омадааст, маҳз ба ҳамин хотир падару модар исми ӯро Наврӯз гузоштаанд. Айёми кӯдакӣ ва мактабхонии Наврӯз Раҷабов дар муҳити деҳааш ҷараён гирифта, баъдан номбурда пас хатми мактаб-интернати деҳаи Мадрушкат, дар соли 1939 бинобар танқисии кадрҳои омӯзгорӣ дар мактаби деҳа омӯзгори синфҳои ибтидоӣ гардида, ба фарзандони мардум хатту савод меомӯзонад. Соли 1941 бинобар шурӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Наврӯз Раҷабов бо амри дилу виҷдон ихтиёрӣ ба фронт рафта, то соли 1944 дар майдонҳои ҷанг корнамоӣ нишон дода, баъдан ба зодгоҳаш бармегардад ва ба сифати раиси хоҷагии ҷамоавии (колхози) деҳаи худ интихоб гардида, то сафарбаркунии сокинони ноҳия ба дашти Дилварзин пурсамар фаъолият менамояд. Наврӯз Раҷабов соли 1956 яке аз аввалинҳо шуда, барои фатҳи дашти Дилварзин камар мебандад ҳамчун раиси хоҷагии “Зарафшон” пурмаҳсул хизмат менамояд. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари роҳбарии Наврӯз Раҷабов деҳқонону хоҷагидорони “Зарафшон” бо комёбиҳои шоиста ноил мешаванд. Сол аз сол дар хоҷагӣ ҳосилнокии пахта ва дигар зироатҳои кишоварзиро афзун гардида, дар натиҷа рӯзгору шароити хоҷагидорон хеле беҳтар мегардад. Маҳз, барои ноил шудан ба комёбиҳои шоёни меҳнатӣ дар хоҷагии ҷамоавии “Зарафшон” таҳти сарварии Наврӯз Раҷабов номбурда соли 1965 ба унвони олии “Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ” мушарраф мегардад. Наврӯз Раҷабов тайи солҳои 1967-1972 директори хоҷагии давлатии (совхози) “Правда”-и ноҳия ва тайи солҳои 1972-1987 раиси хоҷагии ҷамоавии (колхоз)-и “Зарафшон”-и ноҳия софдилонаву содиқона заҳмат кашида, барои таъмини пешрафту шукуфоии кори хоҷагиҳои мазкур, баланд бардоштани ному шуҳрати диёр, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, шароитҳои беҳтарини кору зиндагии хоҷагидорон саҳми фидокоронаи худро гузоштааст. Тавре, ки аз навиштаҳо ва инъикоси фаъолияти хоҷагиҳои мазкур дар матбуот бармеояд, Наврӯз Раҷабов ҳамчун родмард ва қаҳрамони ду ҷабҳа, яъне ҷабҳаи мардонагию диловарӣ дар ҳифзи Ватан, дар солҳои ҶБВ ва ҳам ҷабҳаи меҳнат, яъне фатҳи Дилварзини тоҷик бо корномаи ибратомӯзи худ дар дили мардум маъво гирифтааст. Ин марди шариф ба сифати “маҳбубтарин раиси мардумӣ”, “тимсоли Зарафшон”, “нусхаи Наврӯзи дилафрӯз”, “кӯҳи салобату устуворӣ”, “ҳомии фарҳангу адаб”, “нотиқи оташсухан”, “марди қавлу амал”, “фотеҳи фатҳойини Дилварзин”, “машъали мардонагӣ ва ору номуси диёрдорӣ” номи неки худро ба ёдгор гузоштааст. Номбурда ҳамчунин ба ҳайси нахустин раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия дар солҳои 1989-1990 барои таъмини фаъолияти пурсамари Шӯро, ғамхорию қадршиносӣ дар ҳаққи собиқадорони ҷангу меҳнат низ саҳмгузорӣ намудааст. Хизматҳои шоистаи Наврӯз Раҷабов бо як қатор ордену медалҳо, аз ҷумла орденҳои “Ҷанги Ватанӣ” дараҷаи 2, “Ленин”, “Байрақи сурхи меҳнат”, медалҳои “Барои меҳнати шоён”, “20-солагии ғалаба дар ҶБВ”, “30-солагии ғалаба дар ҶБВ”, “50-солагии ғалаба дар ҶБВ”, 3 медали Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС, унвони “Устоди пахтаи Тоҷикистон” ва ниҳоят унвони олии “Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ” қадрдонӣ гардидаанд. Ҳарчанд, бо амри тақдир Наврӯз Раҷабов санаи 20.02.1998 вафот намудааст, аммо ҷойи ӯ дар дили мардум то абад боқист.
Ташкил ва гузаронидани ҷашнвораи 100-cолагии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, шодравон Наврӯз Раҷабов бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ имкон медиҳад, ки бори дигар ба зиндагинома ва корномаи ватандӯстонаи ин марди бузург руҷӯъ намуда, номи неки абармардони диёр, фотеҳони бунёдкори Дилварзин ва номбардорони Мастчоҳро, ки ифтихори тамоми миллати тоҷик мебошанд, посу гиромӣ дорем. Дар ин самт бояд аҳли зиё, махсусан адибони диёр барои муаррифии шахсият ва фаъолияти ибратпазири Наврӯз Раҷабов барин қаҳрамонони меҳнат саҳми худро гузоранд.
Ёди қаҳрамонони заҳмат, раҳнамову раҳкушоёни аввалини фатҳи Дилварзин ва номоварони диёр ба мисли Наврӯз Раҷабов гиромӣ бошад!