НАВРӮЗМУҲАММАД РАҶАБОВ - МАҲБУБТАРИН РАИСИ МАРДУМӢ
Шояд баъзеҳо бипурсанд, ки як нафар адибро чӣ водошт, ки ба рӯзгор ва шахсияти раиси машҳури хочагии “Зарафшон”- Наврӯзмуҳаммад Раҷабов рӯй орад? Аммо ман танҳо нестам, ки дар бораи ин марди бузург менависам. Даҳҳо нафар адибон ситоиши хислатҳои неки ин бузургмардро гуфтаанд ва мо низ ирода кардаем, ки дар ин саф қарор бигирем. Бе шакку тардид ман он касро “устод” хондаам, албатта на дар соҳаи хоҷагидорӣ ва кишоварзӣ, балки дар шеър ва оини одамгарӣ. Зеро марҳум, ёдашон ба хайр, донишманди тавоно ва суханшиноси бемонанд буданд, ба олами ботини ҳар фард бидуни мушкилӣ роҳ меёфтанд ва “тилло”- ро аз “ҳазафпора” хуб фарқ менамуданд. Оё ҳоло метавонед дарёбед раисеро, ки ҳама корро монда, як ҷавони ношиносеро дар автовокзал интизор бошад? Гузашта аз ин дар ҳоле, ки он ҷавон ба раис на хеш бошаду на ҳамсол? На, ҳаргиз.
Гап дар бораи он меравад, ки ман соли 1978 донишҷӯи курси аввали факултаи суханшиносӣ будаму шоираи машҳури хуҷандӣ – Озод Аминзода якчанд шеъри маро дар саҳифаи газетаи вилоятии “Ҳақиқати Ленинобод” ҷой дода, маро ҳамчун шоири ҷавон ба хонандагон шинос мекард. Марҳум раис Наврӯзмуҳаммад Раҷабов аз миёни ин шеърҳо як ғазали шогирдонаи моро, хоса байте аз ин ғазалро писандида, омадани маро аз Хуҷанд дар автовокзали Бӯстон мунтазир буданд. Ман оҷил меомадам, то раис-ин шахсияти бузургро зиёда мунтазир нагардонам. Чун намедонистам, ки раис аз ман чӣ мехоҳанд, пешакӣ вуҷудамро аз салобат ва қатъияташон ҳаросе дар пай буд. Вақте ки дар автовокзал ба он кас рӯ ба рӯ задам, чеҳраи шукуфонашонро дида, ҳарос аз ман бартараф шуд. Донистам, ки бархӯрди нек аст. Раис - Наврӯзмуҳаммад Раҷабов дасти маро гирифта ба сояе рафтанд ва мӯшикофона оғози сухан намуданд:
--Агар хато накунам, шумо Маликнеъмат - писари Маликсулаймон мешавед...
-- Оре, раис! Ман писари ҳамон кас...
--Шеърҳоятонро дар саҳифаи “Ҳақиқати Ленинобод” хондам. Бисёр олиҷаноб! Шоҳбайте аз миёни он шеърҳо дар хотирам нақш баста ва онро дар девори ҳуҷраи кориам насб карда мондаам:
Ҳотифе ғайб чунин гуфт ба ман,
Зиндагӣ аз пайи ном аст, на нон.
Ин байт бояд шиори ҳар як марди ҳунар ва инсони имрӯз бошад. Бар падаратон, ки ҳоло сарбухгалтери Идороти хочагии қишлоқи ноҳия ҳастанд, аз ин байт мужда додам. Ва шуморо ҷӯён шудам. Падаратон гуфтанд, ки : Имрӯз шанбе ҳаст, донишҷӯён аз дарс фориғ шуда, ба хона меоянд. Писари ман ҳам бояд ҳоло омада истода бошад. Инак ман қарор додам, бо шумо дар ин ҷо вохӯрам.
Ман, ки чунин ранг гирифтани ҳодисаро ҳеҷ интизор набудам, яъне ҳеҷ гумон надоштам, ки раис маҳз ба хотири як байт маро дидан мехоҳанд, балки фикр мекардам, раис навиштани мақолаеро дар бораи кишоварзӣ талаб мекунанд, дасту по хӯрдам. Баъд худро ба даст гирифта, шармсорона гуфтам:
--Ҳазор ташаккур, раис! Мефармудед, худам ба дидори шумо мерасидам. Худро ранҷ дода, маро шармсор кардед, раис!
--Не, ҳаргиз ин тавр нест! Мо калонсолон истеъдодҳои ҷавонро, фарқ надорад, ки вай аз кадом маҳал аст, бояд дастгирӣ ва қадршиносӣ бикунем. Зеро адабиёти ҳазорсолаи Масчо туфайли бепарвоии маҳз насли калонсол фаромӯш шудааст ва имрӯз ғайр аз Юсуф Вафо, дигар ягон нафареро намеёбем, ки аз он ифтихор кунем.
Маълум, ки номи бобоятонро дар шумо гузоштаанд. Мо он касро медонистем. Хатмкардаи мадрасаи Бухоро. Донишмандтарин шахс дар Мадрушкат. Инчунин муҳандиси ҷӯйбарор буданд. Акнун бинишинед ба мошини ман, давоми сӯҳбатро раҳораҳ идома медиҳем...
Ин вохӯрии мо бо раис на ба ҳукми тасодуф, балки нақшаи тарҳрезишудаи як инсони хирадманд ва огоҳе буд, ки ғами ояндаи ҷомеаро мехӯрд. Вагарна ман ҳамон шабу рӯз қарор дода будам, ки шеърнависиро тарк мекунам, зеро ин навиштаҳо ба дарди касе намехӯранд ва онҳоро касе намехонад. Чун раис маро дастгирӣ ва ба навиштан дилгарм намуданд, дубора ба олами шеър рӯ овардам. Пас чӣ гуна метавонам, ки он касро устод нашуморам?
Вақте ки дар мактаби №4 ҷашнҳои 60-солагии амакам Мирзодавлат Неъматзода ва тағоям Маликасад Раҳматзода баргузор гардиду ман барандаи ин ҷашнҳо будам, раис Наврӯзмуҳаммад Раҷабов мукарраран ҳамон нуктаро баён намуда маро дуюмбораву сеюмбора дар “вазъияти ногувор” мононданд.
Раис Наврӯзмуҳаммад Раҷабов чоплӯсиву хушомадгӯӣ, ноодамиву маккорӣ ва мансабталошиву худситоиро бисёр бад медиданд. Ҳарчанд ки маҳбубтарин раиси мардумӣ аз ҷониби халқ эътироф шуда ва Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ҳам буданд, пеш аз вафот ба фарзандон ва муқаррабон васият кардаанд, ки “Фарзандонам! Баъд аз сари ман зинҳору зинҳор кӯчае, ё маҳалеро ба номи ман нагузоред, ки номи басе бузургони пеш аз мо намонду аз они мо ҳам нахоҳад монд”. Зиҳӣ фарзона марде, ки моҳияти вуҷудро хуб шинохта ва барои ояндагон роҳе ҳамвору тахт аз одаму одамгарӣ ба мерос гузошта. Вагарна ба ҳамин маънӣ Ҷалолуддини Балхӣ фармуда:
Фард:
Гӯ, намонад зи ман ин ном, чӣ хоҳад будан?
Раис, пеш аз он ки матлаберо миёни ҷомеа бигӯянд, моҳияти ислоҳкунандагӣ ва тарбиявии ин суханро бунёд гузошта, сипас иброз медоштанд, то мардуми авом бад ин васила тарбия ёбанд. Ба хотирам ҳаст, ки дар яке аз ҳамон ҷашнҳо падари моро мухотаб қарор дода, ба мардум гуфта буданд:
“Маликсулаймон, ки ҳисобдори бонуфузтарин ва сарватмандтарин хоҷагӣ-хоҷагии ба номи Куйбишев (ҳоло Ҳоҷӣ Амиров) буданд, агар аз вазифа сӯистеъмол мекарданд, алҳол сутуни хонаашон аз зарр мешуд”. Яъне бад ин минвол ба мардум ва хоса ба муҳосибони навкор мефаҳмониданд, ки ғорати моли халқ ва дуздию авбошӣ хоси асилзодагон нест. Пок бошед ва покиза зийед. Зеро “Зиндагӣ аз пайи ном аст, на нон!” Хуб дар ёд дорам, ки баъди ин сухани раис натанҳо падарам, балки мани навҷавон ҳам хеле болидахотир шудем. Чунин аст оини ҷавонмардӣ ва рисолати марди хирад дар ҷомеа.
Сабаби асилзодагӣ ва покизагии ҳамин падар аст, ки имрӯз ҳамаи фарзандони Наврӯзмуҳаммад Раҷабов дар миёни ҷомеа эътибори хос доранд ва сарбаландона хизмати мардумро ба сомон мерасонанд.
Шеваи дунёи дурӯ имрӯз дигар аст. Гоҳ-гоҳ фикр мекунам, ҳарчанд, ки дар гӯшае аз хоҷагии “Зарафшон” пайкарае, лавҳе, ё навиштае аз Наврӯзмуҳаммад Раҷабов пайдо нест, аммо ман дар ҳама ҷо нишоне аз Устоди шодравон мебинам: Мебинам фарзандони некухисолашонро ва мо ҳамчун бародар даст ба дасти ҳам мезанем. Мебинам асари вуҷудашонро дар ҳар бурҷу бора. Мехонам навиштаҳои Шоҳмирзо ва Шоҳмансурро, Абдуфарҳоди Шоҳро ки ба некӣ аз Устод ёд кардаанд ва дигару дигаронро. Меронам чашм ба маҷмуаҳои ашъору мехонам:
Ҳотифе ғайб чунин гуфт ба ман,
Зиндагӣ аз пайи ном аст, на нон.
Ва боз мехонам аз Ҳофиз:
Ҳаргиз намирад он ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Маликнеъмат НЕЪМАТЗОД,
номзади илмҳои филологӣ,
узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон