ВАРЗИШГАРОН –НОМБАРДОРОНИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТАНД

10.08.2022 17:24

 

Паёми табрикотии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида Рӯзи варзишгарон

Варзишгарони муҳтарам!

Ҳамасола дар кишвари маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 10-уми август ҳамчун Рӯзи варзишгарон таҷлил карда мешавад, ки гувоҳи равшани эҳтирому ихлос ва арҷгузорию қадршиносии ин қишри номбардори миллат мебошад. Бинобар ин, бо камоли мамнуният аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ва шахсан аз номи худам тамоми варзишгарони мамлакатро ба санаи фархундаи Иди касбӣ – Рӯзи варзишгарон табрику таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама тансиҳатию умри дароз, бахту саодат, иқболи баланду рӯзгори хуррам ва баҳри баланд бардоштани парчами шуҳрату ифтихори Ватан комёбию пирӯзиҳои бузургро таманно дорам.

Рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи варзишгарони касбию шуҳратёр дар меҳвари сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки: “Тайи солҳои 2011-2020 дар кишвар қариб 3000 иншооти варзиш сохта шудааст. Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохташуда, 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад, ки ин ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама ба наврасону ҷавонон мебошад.”

Дар ин раванд соли 2020 зимни сафари пурфайзи Пешвои муаззами миллат дар ҳудуди ноҳия ду иншооти варзишӣ – варзишгоҳи марказӣ ва Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, беҳтарин армуғони шоистаи идона барои варзишгарони ноҳия ба шумор мераванд. Ҳамчунин тайи се соли охир дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 12 майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамаи ин шароиту имкониятҳо барои рушди соҳаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим, камолоти ҷисмонию варзишии наврасону ҷавонон, тарбияи варзишгарони касбию номвар, ки шуҳрату эътибори Ватани азизамонро баланд мебардоранд, мебошад.

Мо ифтихор аз он менамоем, ки варзишгарони сарбаланди ноҳия барои баланд бардоштани ному шуҳрати диёри худ ва Тоҷикистони азиз аз сидқи дил саҳми шоиставу ватандӯстона мегузоранд. Бо умеди комёбию музаффариятҳои пайваста ва фардои дурахшони Ватан бори дигар ҳамаи варзишгарони ноҳия ва тамоми мамлакатро ба Рӯзи варзишгарон табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳатӣ, саодати зиндагӣ, тамоми хушиҳои оламро таманно дорам.

Ид муборак, варзишгарони арҷманд-номбардорони миллату Ватан!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter