ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛИИ НОҲИЯ СОҲИБИ 2 НАҚЛИЁТИ ПАРТОВКАШОН ШУД

11.08.2022 14:40

 

Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати экологӣ, тозаву озода нигоҳдоштани муҳити зист ва сари вақт кашонидани партовҳо ба ноҳияи Мастчоҳ 2 адад нақлиёти партовкашони тамғаи “Hyundai Porter - 2”, 2 адад скутер ва 40 адад қуттии партов дастрас карда шуд.

11 августи соли равон дар майдони Парчами шаҳраки Бӯстон бо иштироки раиси ноҳия Аъзам Ализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон, сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Абдуаҳад Ҳакимзода ва дигар шахсони расмӣ туҳфаҳо бо тантана ба хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия ва бахши ҳифзи муҳити зист тақдим карда шуданд.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ барои тақдими чунин туҳфаҳо ҷиҳати беҳтар намудани шароитии корӣ дар самти ҳифзи муҳит изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, афзуд ки дар партави дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ барои татбиқи сиёсати экологӣ, ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои он тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам гардида истодааст.

Дар зимн, Баҳодур Шерализода бо таваҷҷуҳ ба таъмини амнияти экологии ҷомеа, ҷалби оммаи васеъ ба масоили экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои марбут ба тозагӣ  изҳор дошт, ки барои боз ҳам тозаву обод намудани кӯчаву хиёбонҳо ва баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter