ТАҶЛИЛИ 100-СОЛАГИИ ЁДБУДИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ НАВРӮЗ РАҶАБОВ

13.08.2022 16:55

 

13 августи соли равон дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Мастчоҳи ноҳияи Мастчоҳ 100-солагии ёдбуди иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Наврӯз Раҷабов баргузор гардид.

Дар ин чорабинии пуршукуҳ раиси ноҳия Аъзам Ализода, фаъолон, собиқадорони меҳнат ва ёру дӯстону ҳамдеҳагони шодравон Наврӯз Раҷабов иштирок доштанд.

Раиси ноҳия зимни суханронӣ аз хизматҳои шоёни ин қаҳрамони кору пайкор дар пешрафту тараққиёти хоҷагии халқ, кишоварзӣ ва дигар ҷанбаъҳои муҳими зиндагӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки  корнамоӣ ва фаъолияти шоистаи Наврӯз Раҷабов саҳифаҳои дурахшони таърихи диёри файзбори Мастчоҳ ва мардуми Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

“Наврӯз Раҷабов ҳамчун родмард ва қаҳрамони ду ҷабҳа, яъне ҷабҳаи мардонагию диловарӣ дар ҳифзи Ватан, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳам ҷабҳаи меҳнат, яъне фатҳи Дилварзини тоҷик бо корномаи ибратомӯзи худ дар дили мардум маъво гирифтааст”,- иброз дошт раиси ноҳия Аъзам Ализода.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Сурайё Ёқубова, собиқадорони меҳнат Раҷабмуҳаммад Шарифзода, Зайнуддин Заҳруддинов, Саидҳаким Боқиев, Абдурасул Ҳикматов ва чанд тани дигар аз дӯстону ҳамкорони Наврӯз Раҷабов аз корнамоиҳои бемислу монанди ин абармард ёдовар шуда, лаҳзаҳои бисёр хотирмону ибратомӯзро зимни ҳамкориашон ба ҳозирин қисса намуданд.

Сарояндагони хушовоз Абдуҷаббори Шоҳ, Сулаймонбек Шарифов ва Анвар Ниёзов бо суруду таронаҳои дилнишин табъу хотири ҳамагонро болида гардониданд.

Дар охир фарзандони иштирокчии Ҷанги Бузургу Ватанӣ Наврӯз Раҷабов ба раиси ноҳия ва дӯстону собиқ ҳамкоронашон барои гиромидошт ва қадршиносии қиблагоҳашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Наврӯз Раҷабов моҳи марти соли 1922 дар деҳаи Эсизи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омадааст. Айёми кӯдакӣ ва мактабхонии Наврӯз Раҷабов дар муҳити деҳааш ҷараён гирифта, баъдан номбурда пас аз хатми мактаб-интернати деҳаи Мадрушкат, дар соли 1939 бинобар танқисии кадрҳои омӯзгорӣ дар мактаби деҳа ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба фарзандони мардум хатту савод омӯзонидааст. Соли 1941 бинобар шурӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Наврӯз Раҷабов бо амри дилу виҷдон ихтиёрӣ ба фронт рафта, то соли 1944 дар майдонҳои ҷанг корнамоӣ нишон дода, баъдан ба зодгоҳаш бармегардад ва ба сифати раиси хоҷагии ҷамоавии (колхози) деҳаи худ интихоб гардида, то сафарбаркунии сокинони ноҳия ба дашти Дилварзин пурсамар фаъолият менамояд. Наврӯз Раҷабов соли 1956 яке аз аввалинҳо шуда, барои фатҳи дашти Дилварзин камар мебандад ҳамчун раиси хоҷагии “Зарафшон” пурмаҳсул хизмат менамояд. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари роҳбарии Наврӯз Раҷабов деҳқонону хоҷагидорони “Зарафшон” бо комёбиҳои шоиста ноил мешаванд.

Наврӯз Раҷабов соли 1965 ба унвони олии “Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ” мушарраф мегардад. Наврӯз Раҷабов тайи солҳои 1967-1972 директори хоҷагии давлатии (совхози) “Правда”-и ноҳия ва тайи солҳои 1972-1987 раиси хоҷагии ҷамоавии (колхоз)-и “Зарафшон” софдилонаву содиқона заҳмат кашида, барои таъмини пешрафту шукуфоии кори хоҷагиҳои мазкур, баланд бардоштани ному шуҳрати диёр, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, шароитҳои беҳтарини кору зиндагии хоҷагидорон саҳми фидокоронаи худро гузоштааст.

Хизматҳои шоистаи Наврӯз Раҷабов бо як қатор ордену медалҳо, аз ҷумла орденҳои “Ҷанги Ватанӣ” дараҷаи 2, “Ленин”, “Байрақи сурхи меҳнат”, медалҳои “Барои меҳнати шоён”, “20-солагии ғалаба дар ҶБВ”, “30-солагии ғалаба дар ҶБВ”, “50-солагии ғалаба дар ҶБВ”, 3 медали Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи ИҶШС, унвони “Устоди пахтаи Тоҷикистон” ва ниҳоят унвони олии “Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ” қадрдонӣ гардидаанд. 

Наврӯз Раҷабов 20 феврали 1998 дар синни 76-солагӣ вафот намудааст.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter