ҚАДРШИНОСИИ ВАРЗИШГАРОН
13 август дар Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ”-и ноҳия ба муносибати Рӯзи варзишгарон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид, ки дар он раиси ноҳия Аъзам Ализода иштирок намуда, варзишгаронро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт.
Зикр карда шуд, ки рушди варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи варзишгарони касбию шуҳратёр дар меҳвари сиёсати ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
“Шоистаи зикр аст, ки соли 2020 зимни сафари пурфайзи Пешвои муаззами миллат дар ҳудуди ноҳия ду иншооти варзишӣ – варзишгоҳи марказӣ ва Қасри варзишии “Паҳлавонони суғдӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки беҳтарин армуғони шоистаи идона барои варзишгарони ноҳия ба шумор мераванд. Ҳамчунин тайи се соли охир дар ҳудуди ноҳия бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ зиёда аз 12 майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамаи ин шароиту имкониятҳо барои рушди соҳаи варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим, камолоти ҷисмонию варзишии наврасону ҷавонон, тарбияи варзишгарони касбию номвар, ки шуҳрату эътибори Ватани азизамонро баланд мебардоранд, мебошад.”,- иброз дошт раиси ноҳия Аъзам Ализода.
Сипас Аъзам Ализода ба 3 нафар варзишгари ноҳия, ки ба унвони Устоди варзиши Тоҷикистон шарафёб гардиданд, шаҳодатнома тақдим намуд. Дар идома ба варзишгароне, ки дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ғолибият ба даст овардаанд, бо сипосномаҳо қадршиносӣ карда шуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар нимсолаи якуми соли равон варзишгарони ноҳия дар 33 чорабиниҳои варзишии берун аз ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, соҳиби 1046 медал гардидаанд, ки аз инҳо 377 адад тилло, 261 адад нуқра ва 408 адад биринҷиро ташкил медиҳад.
Айни замон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 варзишгоҳу 42 толор ва майдончаҳои варзишӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 19600 нафар варзишгар ба тамрин машғул мебошанд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ