МАШВАРАТИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯ

16.08.2022 14:47

 

16 август дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ раиси ноҳия Аъзам Ализода бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо машварати корӣ анҷом дод.

Дар машварат дастуру вазифагузориҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд санаи 12 август дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилоят баён доштанд, мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.

Зикр гардид, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарону фаъолони вилоят ба раванди бунёдкориву созандагӣ, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва вусъати кишти такрории зироатҳо дастуру вазифагузориҳои мушаххас намуданд.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода вобаста ба вусъати кишти такрории зироатҳо, оқилонаю самаранок истифода бурдани ҳар қитъаи замин, пешгирии ҳашароти зараррасони зироатҳо ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Дар машварат ҳамчунин раиси ноҳия доир ба масъалаи ҷамъоварии андозҳо, омодагӣ ба соли нави хониш, даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, масъалаи зимистонгузаронӣ, тозагии ҳудуди шаҳрак, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ташкили ярмаркаи либосҳои мактабӣ таваҷҷуҳ намуда, дар назди муовинони соҳавӣ раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter