ТАБИБОН - ВОРИСОНИ САЗОВОР ВА ИДОМАДИҲАНДАИ КОРУ ПАЙКОРИ СИНОИ ОЛАМШУМУЛ

17.08.2022 17:33

 

Паёми табрикии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба таҷлили Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ

Муҳтарам табибон ва кормандони соҳаи тандурустӣ!

Бо камоли эҳтирому ихлос ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Иди касбиатон – Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ, ки дар кишвари маҳбубамон ҳамасола санаи 18-уми август таҷлил карда мешавад, самимона аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию дарозумрӣ, саодати зиндагӣ, бахту иқболи баланди пайвандону фарзандон, камоли давлат, тамоми хушиҳои зиндагӣ ва дар ҷодаи фаъолият иродаи қавӣ, пешравию барори кор ва комёбиҳои барҷастаро таманно дорам.

Маҳз, дар замони соҳибистиқлолӣ санаи 18-уми август ҳамчун Иди касбии кормандони соҳаи тандурустӣ муқаррар гардид, ки ин албатта бе ҳикмат нест. Чунки ин санаи фархунда зодрӯзи яке аз бунёдгузорони тибби ҷаҳонӣ, нобиғаи бузург, донишманд ва табиби ҳозиқ, фарзанди фарзонаву шарафманди тоҷик Абӯалӣ ибни Сино мебошад. Аз ин рӯ, табибон ва кормандони соҳаи тибби мамлакат ҳамчун ворисони арзандаву ҳаққонӣ ва идомадиҳандаи кору пайкори Ибни Сино барои табобати беморон саҳми шоистаи худро мегузоранд.

Дар даврони Истиқлолият дар партави сиёсати ватандӯстона ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи тандурустӣ, қадршиносии кормандони соҳа ва таъмини фаъолияти пурсамари онҳо шароиту имкониятҳои беҳтарин фароҳам гардид. Тавре ки дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад.

       Тайи 30 соли истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард.

      Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт.

      Ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад.

      Дар давоми сӣ соли истиқлолият барои соҳаи тандурустӣ 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ тайёр карда шудааст.

       Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин карда шуданд.

        Танҳо дар се соли охир, яъне солҳои 2019–2021 дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30–солагии истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст.

        Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст”.

         Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам гардид. 

        Дар ин давра, вобаста ба рушди соҳаи тандурустӣ дар ҳудуди  ноҳия даҳҳо муассисаҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорон маркази саломатии ноҳия ва шуъбаҳои беморхонаи марказӣ, инчунин беморхонаҳои минтақавӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гардидаанд. Яке аз нишондиҳандаҳои рушди соҳа ин бунёди муассисаҳои хусусии тиббӣ мебошад, ки дар ин ҷода ноҳияи Мастчоҳ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Махсусан, фаъолияти муассисаи хусусии Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ намунаи ибрат мебошад. 

         Шоистаи зикр аст, ки табибону кормандони соҳаи тандурустии ноҳия дар партави ғамхорию меҳрубониҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати мамлакат бо заҳмату талош, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва инсондӯстӣ барои таъмини солимии ҷомеа саҳми назарраси худро мегузоранд. Мо бо ҳар як табиби исавиҳушу заҳматқарин, бовиҷдону донишманд ва корманди соҳаи тандурустии ноҳия,  ки бо тамоми масъулият барои табобати бемор талош менамояд, рисолати вориси арзандаи Синои бузург будани худро сарбаландона иҷрои менамояд, ҳамеша ифтихор мекунем ва қадр менамоем. 

          Тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Табибон охирин даргоҳи умеди шахсони бемор мебошанд.

       Онҳо на танҳо бо донишу малакаи касбӣ, балки бо сухани нарму лафзи ширин, нигоҳи гарму дили пурмеҳр бояд беморонро шифо бахшанд.

          Муоширати хуб ва муносибати ҳалимона нисбат ба бемор ними табобат буда, ба ӯ қувват мебахшад ва дардашро сабук мегардонад.

          Бовар дорам, ки тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ, пеш аз ҳама, табибону ҳамшираҳои шафқат минбаъд низ бо дасту дилу нияти пок ба халқ хизмат мекунанд ва вазифаи худро бо масъулияти баланд иҷро намуда, шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардумро баланд мебардоранд”.

           Бо умеди файзу фаровонӣ ва саодати рӯзгори ҳар як вориси сазовори Синои оламшумул ман ҳамаи Шумо – табибон ва кормандони соҳаро ба шарафи Иди касбиатон – Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии мамлакат табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, саодати зиндагӣ ва тамоми хушиҳои оламро таманно дорам.

              Иди касбӣ муборак, табибони арҷманд!




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter