ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
18 августи соли равон дар Қасри навбунёди фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ бо иштироки раиси ноҳия Аъзам Ализода баргузор гардид.
Нахуст раиси ноҳия кормандони соҳаи тандурустиро ба муносибати иди касбиашон самимона табрик намуда, зикр кард, ки “дар кишвари маҳбубамон, бо шарофати сиёсати ватандӯстонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол санаи зодрӯзи нобиғаи башарият, ҳакими бузург, яке аз поягузорони илми тибб, фарзанди шарафманди миллати тоҷик – Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун Иди касбии кормандони соҳаи тибби мамлакат таҷлил карда мешавад, ки нишони равшани эҳтирому арҷгузории роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомеа ба табибону кормандони соҳа маҳсуб меёбад. Зеро табибон, ҳақиқатан ворисони асил ва пайравони арзандаи Ибни Сино, ба шумор рафта, бо ҳисси баланди инсондӯстию ватанпарастӣ дардҳои мардумро шифо мебахшанд.
Раиси ноҳия вобаста ба дастовардҳои навси соҳа иброз дошт, ки дар тули 31-соли соҳибистиқлолии кишвар бо дастгириҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустӣ рушд карда, беморхонаҳои наву замонавӣ бунёд гардида истодаанд, иброз дошт, ки дар ноҳияи Мастчоҳ дар ин давра дар шаҳраку ҷамоатҳои деҳот марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки фаъолияти пурсамари онҳо имрӯз ба хидматрасонии тиббӣ дар ноҳия беҳбудӣ бахшидааст.
“Дар ин давра, вобаста ба рушди соҳаи тандурустӣ дар ҳудуди ноҳия даҳҳо муассисаҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд. Бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорон маркази саломатии ноҳия ва шуъбаҳои беморхонаи марказӣ, инчунин беморхонаҳои минтақавӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин гардидаанд. Яке аз нишондиҳандаҳои рушди соҳа ин бунёди муассисаҳои хусусии тиббӣ мебошад, ки дар ин ҷода ноҳияи Мастчоҳ низ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудааст. Махсусан, фаъолияти муассисаи хусусии Маркази ташхисию табобатии “Сино” дар Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ намунаи ибрат мебошад.”,- иброз дошт раиси ноҳия Аъзам Ализода.
Пас аз сухани табрикотӣ бо назардошти фаъолияти пурсамари табибон дар ҷомеа якчанд кормандони соҳаи тиб бо туҳфа ва Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Ифтихорномаҳои Раёсати тандурустии вилояти Суғд сарфароз гардиданд. Раиси ноҳия, ҳамчунин ба ду нафар табиб, ки ба унвони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб гаштаанд, бо тантанаи нишонҳои аълочигиро тақдим намуд.
Дар охир барномаи консертии бахши фарҳанг чорабиниро шукуҳу рангинтар бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ