ҶАЛАСАИ СИТОДИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ

19.08.2022 16:56

 

19 август дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, комиссари ҳарбии вилоят Давлатшоҳ Мирзозода ва муовини якуми раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода ҷаласаи сайёри ситоди даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он комиссари ҳарбии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони мизҳои ҳарбии ҷамоатҳо, раисони маҳаллаҳо ва ҳайати шахсии комиссариати ҳарбии ноҳия низ ҳузур доштанд.

Нахуст, комиссари ҳарбии ноҳия Аҳад Аҳмадзода оид ба корҳои анҷомшуда дар самти омодагиҳо ба даъвати тирамоҳии ҷавонон, рафти иҷроиши қарори раиси вилояти Суғд аз 15 июни соли 2022, №238 ва қарори раиси ноҳияи Мастчоҳ 01.07.2022 сол, №563 доир ба гузаронидани корҳои омӯзишии пеш аз даъватӣ маълумот дод.

Даврон Зоҳидзода, муовини Раиси вилояти Суғд зимни баррасии масъалаи мазкур ва натиҷагирӣ аз даъвати баҳорӣ аз масъулини дахлдор оид ба иҷрои қарори Раиси вилоят «Дар бораи гузаронидани омўзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ дар даъвати тирамоҳии соли 2022”, пурсиш ба амал оварда, барои иҷрои саривақтии нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ масъулинро вазифадор кард.

Дастур дода шуд, ки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷиҳати муташаккилона гузаронидани чорабиниҳои маъракаи даъват дар ҳудуди ҷамоатҳо ва пеш аз муҳлат ба иҷро расонидани нақшаи даъват корбариро пурзӯр намоянд.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter