ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНИИ МЕҲМОНХОНА ВА МАРКАЗИ ХИЗМАТРАСОНӢ
Дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ бо маром идома дорад.
Бо ин мақсад дар ноҳия бунёди аз як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмонашон дар ҳоли анҷомёбист.
Рӯзи 27 август раиси ноҳия Аъзам Ализода аз меҳмонхона ва маркази хизматрасонии шаҳраки Бӯстон, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳасанов Абдуваҳҳоб бунёд гардида истодааст, боздид намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз наздик ошно шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки меҳмонхона ва маркази хизматрасонӣ аз чор ошёна иборат буда, харҷномаи лоиҳавии он 9 миллион сомонӣ мебошад. Дар ошёнаи якуми бино маркази хизматрасонӣ, ҳаммом, кошонаи ҳусн ва ҳавзи шиноварӣ, дар қабатҳои дуюм ва сеюм толорҳои варзишӣ ва дар ошёнаи чорум меҳмонхона бо 35 рахти хоб ҷойгир карда мешавад. Бо ба истифода додани иншоот 20 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд. Ҳамчунин соҳибкор дар шафати меҳмонхона бунёди як варзишгоҳи хурди замонавиро ба нақша гирифтааст, ки корҳои сохтмонии он аллакай оғоз шудаанд.
Раиси ноҳия зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ва ба итмом расонидани корҳо дар муҳлати муайяншуда ба соҳибкор дастуру маслиҳатҳо муфид дод.
Зикр гардид, ки барои таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёдкориву созандагӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ бояд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ бунёди таъмиру азнавсозии беш аз 147 иншоот бо харҷи зиёда аз 103 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз аз ин шумора 44 иншоот ба маблағи 36 млн. сомонӣ бунёд гардидааст, ки 29,9 %-и нақшаи солонаро дарбар мегирад.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ