“ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ”

01.09.2022 18:04

 

Паёми табрикии раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ба муносибати Рӯзи дониш

Муҳтарам омӯзгорон ва хонандагони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии Рӯзи дониш ва соли нави таҳсили 2022-2023 аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва шахсан аз номи худам самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама саломатию саодати зиндагӣ, файзу баракати рӯзгор, шодию нишоти олам ва дар ҷодаи таълиму тарбия ва аз худ кардани ганҷҳои донишу маърифат авҷу барор ва комёбиҳои бузургро таманно дорам.

   Имсол омӯзгорону толибилмони мамлакат Рӯзи дониш ва оғози соли нави хонишро дар айёме истиқбол мегиранд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар партави сиёсати маърифатпарваронаву ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили ҷашнҳои фархундаи 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Ҳарчанд дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба душвортарин марҳилаи рӯзгори худ, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯбарӯ гардиданд, вале маҳз дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии мамлакат офтоби бахту саодати халқу Ватан дар симои Пешвои муаззами миллат, роҳбари дилзӯзу ҷонфидои  мардуми Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тулӯъ кард. Чунки дар ҳамин Иҷлосияи бахтофарин мардуми шарифи Тоҷикистон сарвару раҳнамои саодатофари худ, роҳи тақдиру сарнавишти рӯшани худ ва сохтори давлатдории худро ҳамчун давлати демократию дунявӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ягона муайян намуданд.   Баргузории Иҷлосияи таърихӣ сароғози расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ гардид. 

    Аз ин ҷиҳат дар кишвари азизамон, ки ҳамасола Рӯзи дониш бо дарси сулҳ оғоз мегардад, барои наврасонону ҷавонон ва умуман мардуми кашвар аҳамият ва  мақому манзалати бузург дорад.

    Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Ҳамасола бо дарси сулҳ оғоз намудани соли нави хониш дар кишвари мо  ба яке аз анъанаҳои нек табдил ёфтааст.

  Бояд гуфт, ки мо – мардуми тоҷик, ба қадри сулҳу оромӣ ва зиндагии осоишта мерасем, онро неъмати бузург медонем, зеро мардуми Тоҷикистон ҳаёти осударо бо баҳои ниҳоят гарон ба даст овардаанд”.

   Боиси ифтихор аст, ки дар даврони Истиҷлолияти давлатӣ рушди соҳаи маориф самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон гардида, дар партави ғамхорию пуштибониҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешрафти соҳа, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои беҳтарини таълиму тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон дар кишварамон ҳазорҳо муассисаҳои наву таълимӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар ин радиф, дар ноҳияи Мастчоҳ низ даҳҳо муассисаи таълимӣ бунёд гардид.  Ҳамаи ин ғамхорию пуштибониҳо барои рушди соҳаи маорифи кишвар бо мақсади таълиму тарбияи шоиставу сазовор ва бо маърифату ватандӯст ба камол расонидани наврасону ҷавонон мебошад.  Зеро маҳз донишу маърифат, ҳикмату хирад, ахлоқу одоби баланд ва ҳисси волои ватандӯстию ифтихори миллӣ сарчашмаи хушбахтии ҳар як шахс мебошад.

Тавре, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид шудааст:  “Дар замоне, ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс, касе, ки илму дониш ва ҳунар дорад, ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад”.

  Аз ин рӯ, ҳар як хонандаву донишҷӯи мамлакат бояд ҳидоятҳои маънавию хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро сармашқи таҳсили худ намуда, дониш омӯзад, илму ҳунарро аз худ намояд ва ҳамчун фарзанди бузурги ин Ватани маҳбуб ба камол расида, дар пешрафту ободии минбаъдаи он саҳми фарзандии худро гузорад. Махсусан, бояд наврасону ҷавонони ноҳия дар озмунҳои ҷумҳуриявии  “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!”, “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” фаъолона ширкат намоянд.

   Ҳар як лаҳзаи умри худро пурсамар гузаронанд, дунёи дили худро бо чароғи донишу маърифат ҳамеша мунаввар гардонанд. Дар ин ҷода, омӯзгорону устодон ва падару модарони азиз раҳнамову мураббии ҳақиқии шогирдону фарзандони азизи худ бошанд.

     Бо умеди таҳсилу таълим ва тарбияи пурсамари ҳар як наврасу ҷавони Тоҷикистон ман бори дигар ҳамаи устодону омӯзгорон ва хонандагону донишҷӯёни ноҳия ва тамоми кишвари маҳбубамонро  ба фарорасии Рӯзи дониш ва Соли нави таҳсил самимона табрику муборакбод гуфта, ба хонандагону донишҷӯён хониши хубу аъло, ахлоқу одоби ҳамида ва ба устодону омӯзгорон дар иҷрои рисолати муҳимашон, яъне таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан барору комёбиҳои беназирро таманно дорам. 

   Рӯзи дониш ва соли нави таҳсил муборак, устодону шогирдони азиз! 




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter