РАИСИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ АЪЗАМ АЛИЗОДА ДАР РӮЗИ ДОНИШ АЗ МТМУ №14 ДИДАН КАРД

01.09.2022 18:11

 

1 сентябри соли 2022 раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо мақсади шиносоӣ аз оғози соли нави таҳсил аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳраки Бӯстон дидан намуда, хонандагон ва омӯзгорони ин муассисаро ба Рӯзи дониш ва оғози соли таҳсили нав табрик гуфт.

Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар партави ғамхорию пуштибониҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, муассисаи муосири таълимӣ дар шаҳраки навбунёди Ганҷобод ва бинои шуъбаи маорифи ноҳия, инчунин 2 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Раиси ноҳия дар идомаи суханронӣ зикр намуд, ки “умедворам тамоми аҳли маорифи ноҳия баҳри татбиқи амалии чунин дастуру ҳидоятҳои маънавии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, тарбияи насли солиму ояндасози Ватан минбаъд низ саҳми шоистаи худро гузошта, ҳамчун машъалафрӯзи донишу маърифат қалби хонандагону толибилмонро мунаввар менамоянд.

Ҳамзамон раиси ноҳия ба омӯзгорон ва хонандагони муассиса мужда доданд, ки дар арафаи 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асоси бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, ки иборат аз 3 ошёна мебошад, бо иштироки раиси вилояти Суғд гузошта хоҳад шуд.

Пас аз сухани табрикии раиси ноҳия намояндаи ҳукумати вилояти Суғд Абдумаҷид Раҳимов паёми табрикии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи дониш қироат намуда, омӯзгорон ва хонандагони муассисаро ба оғози соли таҳсили нав табрик кард.

Зикр карда шуд, ки “Тантанаҳои баргузории Рӯзи дониш дар саросари кишвар далели дар меҳвари сиёсати маорифпарваронаи давлату ҳукумат қарор доштани илму маориф ва донишу маърифат мебошад, зеро маориф пояи муҳимтарини давлатдории миллӣ, омили таъминкунандаи рушди устувори давлат ва шарти асосии пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намудаанд: “Маориф неруи тавонову пешбари кишвар аст ва имрӯзу фардои мамлакатамон бо он алоқаи ногусастаниву қавӣ дорад”.

Пас аз анҷоми суханрониҳо раиси ноҳия бо намояндаи ҳукумати вилоят аз синфхонаҳои муассиса дидан намуда, бо хонандагон ва омӯзгорон суҳбат намуданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ 595 хонанда дошта, имсол 65 нафарро ба синфи 1 қабул кардаанд.

Соли равон беш аз 20 нафар хатмкунандагони муассиса ба донишгоҳу донишкадаҳо ва коллеҷҳо дохил гардидаанд. Дар ин муассиса айни замон 35 нафар омӯзгор кору фаъолият доранд.


Дафтари мутбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter