ЯК ҚИСМИ АҲОЛИИ МАРКАЗИ НОҲИЯ БО ОБИ НӮШОКИИ ДОИМӢ ТАЪМИН МЕШАВАНД

07.09.2022 16:19

 

    2 сентябр бо мақсади таъмини як қисми аҳолии маркази ноҳия бо оби тозаи нӯшокӣ бо иштироки Аъзам Ализода ва директори комплекси геологии Қайроққум Ғуфрон Абдуллозода ба кофтани як чоҳи амудӣ оғоз бахшида шуд.

Ин чоҳи амудӣ, ки бо ибтикори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди МТМУ №9-и шаҳраки Бӯстон кофта мешавад, кӯдакистони №1,  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, бинои шуъбаи маориф, Раёсати кишоварзӣ, Нозироти андоз, Варзишгоҳи марказӣ ва як қисми аҳолии маркази ноҳия бо оби нӯшокии доимӣ таъмин хоҳад кард.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода пеш оғози кофтани чоҳ инро яке аз иқдомҳои шоиста ва неки Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли таҳсили нав барои муассисаҳои таълимӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки баробари ба истифода додани ин чоҳ мушкили танқисии об дар якчанд биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо ва як қисми аҳолии гирду атроф бартараф хоҳад шуд.

Зикр карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол то сол мушкили норасоии оби нӯшокӣ дар маркази ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҳалли худро ёфта истодааст. Имрӯз низ дар оғози соли нави таҳсил бо дастгирии сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ, роҳбари гурӯҳи корӣ доир ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ба кофтани як чоҳи амудӣ оғоз бахшида шуд, ки норасоии оби нӯшокиро дар як қисми муассисаҳои таълимии шаҳрак аз байн хоҳад бурд.

Маврид ба зикр аст, ки дар давоми соли равон дар доираи корҳои ободонии ноҳия бо мақсади беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ оби нӯшокӣ беш аз 3 километр хатҳои об дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таъмир ва навсозӣ карда шудаанд.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter