АЪЗАМ АЛИЗОДА: “МО БОЯД ДАР ПАҲЛӮИ МАРДИ ДЕҲҚОН ВА МАДАДГОРУ ЁРИРАСОНИ ОН БОШЕМ”

07.09.2022 16:24

 

Дар ноҳияи Мастчоҳ ситоди “Ҳосил -2022” ба кори худ оғоз кард

3 сентябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бо кишоварзон мулоқот анҷом дод.

 Дар мулоқот раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, директорони корхонаҳои каркарди пахта, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нозироти андоз ва дигар шахсони масъул ҳузур доштанд.

Дар оғоз раиси ноҳия ҳадаф аз баргузории мулоқотро шарҳ дода, иброз дошт, ки бо мақсади беталаф ва саривақт ҷамъоварии ҳосили пахта ситоди ноҳиявии “Ҳосил - 2022” сар аз моҳи сентябр таъсис ёфта, кори он ба таври шабонарӯзӣ ҷараён дорад.

Сипас, муовини якуми раиси ноҳия Муллосоқӣ Атовуллозода доир ба натиҷаҳои соҳаи кишоварзӣ дар ҳашт моҳи соли равон ҳисобот дода, зикр намуд, ки кишоварзон соли ҷорӣ дар майдони 22 ҳазору 895 гектар зироат кишт намудаанд, ки 12 ҳазору 540 гектари он пахта мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои сохтори кишти зироатҳо барои ҳосили соли 2022 аз ҳисоби корхонаҳои пахтатозакунии ноҳия 1109 тонна тухмии пунбадона истеҳсол ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дастрас карда шудааст. Ҳамчунин аз ҳисоби соҳибкорон 158 тонна навъи тухмиҳои пунбадонаи “Иншайн -2”, “Дӯстӣ”, “Инхай” ва “Бухоро-102”, инчунин аз ҳисоби намояндагии ширкати Тоҷикистону Чин 12 тона навъҳои тухмии “Ҷунтай -1” ва “Сензян -39” ба ноҳия ворид гардидааст.

Вобаста ба ҳосилнокии пахта таъкид гардид, ки тибқи апробатсияе, ки аз ҷониби мутахассисон дар тамоми минтақаҳои пахтакор гузаронида шудааст, ҳосилнокиро аз 25 то 40 сентнер интизор шудан мумкин аст.

Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни натиҷагирӣ аз вазъи соҳаи кишоварзӣ зикр намуд, ки соли равон дар ноҳия 3708 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ пахта кишт карда шуда, дар аксари онҳо чиниши ҳосил оғоз гардидааст. Ҳамчунин таъкид шуд, ки 9 адад корхонаи пахтатозакунии ноҳия барои қабули ҳосили кишоварзон пурра омода буда, фаъолияти онҳо тибқи хулосаи комиссияи давлатӣ қаноатбахш баҳогузорӣ шудааст.

“Ноҳияи мо яке аз калонтарин ноҳияҳои пахтакори вилоят мебошад. Пахта боигарии давлат ва яке аз зироатҳои стратегии мамлакат маҳсуб мешавад. Гузашта аз ин, коркарди он аз ҷумлаи самтҳои муҳими саноати кишвар мебошад. Бинобар ин мову шумо вазифадорем, ки ҳосили пахтаро саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намуда, нақшаҳои пешбинишударо бо сари баланд ва иҷро расонем ва дар таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи худро гузорем”,- иброз дошт раиси ноҳия Аъзам Ализода.

Раиси ноҳия ҳамзамон ба сардорони хоҷагиҳои деҳқонӣ дастур дод, ки ҳашарчиёнро ҳавасманд карда, саривақт ҳақгузориашон намоянд. Ҳамчунин ба раисони корхонаҳои пахтатозакунӣ барои коркарди пахта дар ҳудуди ноҳия ва сарпарастӣ намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ дастур ва маслиҳатҳои муфид дода шуд.


Дафтари матбуоти

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter