МУҚАДДАСТАРИН НЕЪМАТ, НИШОНАИ ОЛИИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА МУЖДАИ НЕКУ ПАЙКИ ПИРӮЗӢ

08.09.2022 13:57

 

Номаи шодбошии раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Ҳамдиёрони азиз!

Бо камоли ифтихору мамнуният ҳамаи шумо ва тамоми сокинони сарбаланди ноҳияро ба фарорасии ҷашни фархундаи 31-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табрику муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатию умри дароз, саодати зиндагӣ, файзу баракати рӯзгор, бахту иқболи баланди фарзандону пайвандон ва тамоми хушиҳои оламро орзумандам.

Таманнои онро дорам, ки доимо Истиқлолу озодии Тоҷикистони азизамон пояндаву ҷовидонӣ ва сокинони сарбаланди он баландиқболу фараҳманд бошанд!

Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт».

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои Ваҳдати миллӣ Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳилаи рушди устувор ворид шуда, дар ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа ба комёбиҳои бузургу барҷаста ноил шуд. Махсусан, соли гузашта бо таҷлили ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолият як марҳилаи томи рушду шукуфоии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат ҷамъбаст гардида, имсол панҷсолаи нави марҳилаи пешрафту тараққиёти Ватан ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолият оғоз гардида, равнақу ривоҷи созандагию бунёдкорӣ дар кишвари азизамон ҳамарӯза авҷу барор мегирад.

Таҷлили 31-солагии Истиқлоли давлатӣ имсол барои мардуми шарифу сарбаланди кишварамон муждаи неку пайки пирӯзӣ барои ҷашнгирии 30-cолагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдоди тақдирсоз дар даврони Истиқлолият аст. Зеро, маҳз дар ҳамин иҷлосия роҳи дурусту минбаъдаи инкишофи давлати навини Тоҷикистон, яъне бунёди давлати соҳибихтиёру демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона муайян гардид. Дар ин анҷумани сарнавиштсоз фарзанди фарзонаву сарбаланд ва ҷонфидои халқу Ватан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ – роҳбари давлати тоҷикон якдилона интихоб гардида, Тоҷикистони азизро ба кишвари сулҳу пешрафт табдил доданд. 

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар партави ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳраку деҳоти ноҳияи Мастчоҳ низ ба мисли тамоми шаҳру навоҳии мамлакат хеле ободу зебо ва пешрафта гардид. Танҳо дар доираи сафари пурфайзи Пешвои муаззами миллат ба ноҳияи Мастчоҳ, санаи 14-уми сентябри соли 2020 зиёда аз 50 иншооти мухталиф бо маблағи умумии беш аз 160 млн. сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи 17 адади он бевосита ширкат варзиданд. 

Айни замон, мардуми сарбаланди ноҳияи Мастчоҳ бо баҳрамандӣ аз файзи меҳрубониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва таваҷҷуҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои истиқболи ҷашнҳои фархундаи 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, инчунин дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи эълони “Cолҳои 2022-2026 - солҳои рушди саноат” ба меҳнати софдилонаву содиқона ва зафармандона машғул ҳастанд. 

Бахшида ба таҷлили санаҳои зикршуда дар ноҳия садҳо иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шуда, дар панҷ соли оянда шаҳраку деҳоти ноҳия басо ободу зебо ва сабзу хуррам мегарданд.

Бо умеди бахту саодати баланди мардуми кишвар ва фардои ободу шукуфони Ватан бори дигар, ҷашни фархундаи 31-солагии Истиқлоли давлатиро ба ҳамаи шумо ва тамоми сокинони ноҳия табрику муборакбод мегӯям.

Таманнои онро дорам, ки ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон «Бигзор, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон то абад сарбаланду сарфароз бошанд!».

Ҷашни 31-солагии Истиқлоли Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!





Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter