ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ!
Бо назардошти вазъи замони муосир имрӯз зарур аст, ки ҷиҳати пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ ва ҳолатҳои гумроҳшавии ҷавонону наврасон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии ҷавонон, ба кору омӯхтани ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати оиладории занону бонувон мунтазам вохӯриву мулоқотҳо ва семинарҳои омӯзишӣ доир карда шавад. Зеро беҳтарин неъмати инсон дар баробари тани сиҳат - зистан дар макони ободу осоишта аст. Ин неъмат дар канори Ватан дастрас буда, ҳаловатро кас танҳо дар Ватан ёфта метавонад.
***
Мояи ифтихору сарфарозист, ки бо шарофати сиёсати оқилонаву ҳадафманд ва ояндасози Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона қадамҳои устувор мегузорад, раванди ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ, бунёдкориву созандагӣ бомаром идома дорад ва рушди босуботи кишвар таъмин гардидааст.
Пешвои муаззами миллат дар як баромади худ таъкид карда буданд, ки “Фалсафаи ҳаёт ин аст, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз кардан ва афзун намудани музаффариятҳои Истиқлолият ба дасти ҷавонон мегузарад. Ҳамин аст, ки дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мешавад.
Аз тариқи расонаҳои хабарӣ ҳамарӯза огаҳӣ пайдо мекунем, ки дар ин ё он манотиқи дунё амали террористӣ анҷом ёфта, боиси ҳалокати инсонҳо гардидааст. Бадии кор дар он аст, ки назар ба иттилои матбуот баъзе давлатҳо барои расидан ба мақсадҳои нопок сиёсати дугонаро пеш гирифта, барои манфиати миллиашон гурӯҳҳои террористиро дастгирӣ мекунанд ва аз онҳо истифода мебаранд. Имрӯз шабакаҳои интернет ва дигар воситаҳои техникаи замонавӣ барои аксар ҷавонон дастрасанд. Ва мубаллиғони гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ аз онҳо хеле моҳирона истифода бурда, мағзи сари наврасону ҷавононро бо ғояҳои дурӯғину харобиовар заҳролуд мекунанд, бо ваъдаҳои ҳавоӣ эшонро ба худ моил мегардонанд.
Инҷо мехоҳам чанд омилеро зикр намоям, ки боиси гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ мешавад:
1. Омилҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ - яъне гурӯҳи муайяни ҷавонон, шуури ҳуқуқӣ ва сиёсии паст дошта, аз қонунгузории дохилии давлати худ воқиф нестанд ва кирдори ҷиноии худро, ки боиси марги дигарон мегардад, аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ баҳо дода наметавонанд. Чунин ҷавонон аксаран ҳисси миллӣ ва хештаншиносии комил надошта, ба анъанаҳои неки аҷдодии худ арҷ гузошта наметавонанд.
2. Омилҳои динӣ - Саводи кофии динӣ надоштан, воқиф набудан аз аслу асолати дини Ислом, Қуръон, ҳадис ва шариату аҳкоми дин. Дар ин замина чанд омили дигар мавҷуд аст:
- Таҳсили ғайриқонунии динӣ дар муассисаҳои динии давлатҳои хориҷа, ки хилофи аҳкому шариат ва мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд;
- Тарғиби нодурусти идеологияи дини ислом, ки дар пай ғатлу ғорат ва кушторҳои бераҳмона дорад;
- Дар рӯҳияи бадбинии мазҳабию динӣ тарбия намудани ҷавонон, ки боис ба ихтилофҳои мазҳабӣ мегарданд;
3. Омилҳои иҷтимоӣ - яъне бархе ҷавонон аз сабаби заифии ақл мавқеи иҷтимоии худро дар байни аъзоии ҷамъият муайян карда натавониста, ҳаёти минбаъдаи худро дар хатар мегузоранд.
4. Омилҳои иттилоотӣ – Ин омил солҳои охир хеле густариш пайдо кардааст. Тавассути сомонаҳои иттилоотӣ аз тарафи гурӯҳҳои муайян ва манфиатҷӯ тарғибу ташвиқи амалҳои террористӣ, бо роҳи фиреб ва ваъдаи маблағҳои калон ҷалб намудани ҷавонон ба амалҳои мусаллаҳонаи давлатҳои Сурия, Ироқ, Афғонистон ва ғайра.
Аз ин рӯ, ҷавонони далеру ғаюри кишварро зарур аст, ки бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани худ содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва найрангу фиреби созмонҳои террористию экстремистӣ, ба хусус амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб фаҳманд ва ҳимояи ватанро вазифаи ҷонии худ бидонанд.
Аз ин хотир, дар шароити кунунӣ баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа яке аз муҳимтарин ва заруртарин масъалаҳои иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки он имкон медиҳад ҷавонон мафкураи худро аз ҳар гуна хатар ҳифз намоянд.
Эълон гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ҷалби васеи омма ба мутолиаи китоб, ташкили китобхонаҳо дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, хусусан дар деҳот натиҷаҳои мусбатеро дар ин самт ба бор хоҳад овард.
Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, имрӯз ҳар яки моро зарур аст, ки “бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвари азизамон дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоем”. Нагузорем, ки созмонҳои террористӣ, гурӯҳҳои иртиҷоӣ, манфиатхоҳ ва хиёнатпеша бо макру фиреб насли ҷавононеро, ки ҳанӯз дар зиндагӣ малакаю таҷрибаи зарурии зиндагиро наомӯхтаанд, гумроҳ намоянд, тафаккури онҳоро бо мақсаду ғаразҳои нопоки худ заҳролуд сохта, ҷиҳати ноором сохтани вазъ истифода намоянд.
Вазифаҳои асосии мо ҳамагон дар ин замина таъмини сулҳу субот, оромии ҷомеа, таҳким ва ҳифз намудани дастовардҳои даврони истиқлолият мебошад.
Муқим НАЗАР,
мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Мастчоҳ