АЛБОМ-ЭСТАФЕТАИ “30 СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ» БА НОҲИЯИ МАСТЧОҲ РАСИД

20.09.2022 18:16

 

17 сентябр дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон, дар назди муҷассамаи рамзи “Пахтаи шукуфон” бо роҳбарии раиси ноҳия Аъзам Ализода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Муродулло Почозода ва ҷонибдорону фаъолони ҲХДТ Албом-эстафетаи “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат»-ро аз раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода бо тантана қабул намуданд.

Хотиррасон бояд шуд, ки бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кумиҷроияҳои вилоятиву ноҳиявии он дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявии Албом – эстафета таҳти унвони “30 соли созандагӣ бо Пешвои муаззами миллат»-ро” роҳандозӣ намудаанд, ки ҳадаф аз он тақвияти эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, тарбияи маънавӣ ва дар рӯҳияи баланди эҳтиром ба хизматҳои бузурги Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки тамоми дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва аз ҳама муҳим расидан ба сулҳу амнияти комил маҳз аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишвар сарчашма мегирад, зеро дар ин анҷуман Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардида, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз маҳвшавӣ наҷот дода, кишварро ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт раҳнамун сохтанд.




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter