«ҲАМЕША ЗИРАКУ ҲУШЁР ВА БАРОИ ҲИФЗИ МАРЗУ БУМИ ВАТАН ОМОДА БОШЕМ!»
Мулоқоти Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳия бо сокинони АХД “Зарафшон”
20 сентябри соли равон бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ ва дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини волоияти қонун, омода кардани ҷавонон барои хидмати ҳарбӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои эктремистию террористӣ ва ҳифзи фазои солими мафкуравии ҷомеа дар деҳаи Навободи АХД “Зарафшон”-и Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ вохӯрии Шӯрои ҳамоҳангсозии ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳия Аъзам Ализода, раиси Суди ноҳия Алишо Қурбониён, сардори шуъбаи КДАМ Фирдавсӣ Асроров, прокурори ноҳия Абдуллоҷон Абдуллозода, сардори ШВКД Муҳаммадӣ Қосимзода, комиссари ҳарбии ноҳия Аҳад Аҳмадзода ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар мулоқот бо сокинон масъалаҳои даъвати ҷавонон ба хидматӣ ҳарбӣ, вазъи ҷинояткорӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ тарбия намудани ҷавонон, рушди маънавиёти ҷомеа, пардохти саривақтии андозҳо, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва дигар масъалаҳои мубрам мавриди муҳокима ба баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғоз раиси ноҳия сокинонро ба ҳодисаҳои маълуми рӯзҳои охир, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рух доданд ва ҳамлаҳои таҷовузкоронаи ҷониби Қирғизистон, ки боис ба ҳалокати кӯдакон ва мардуми осоишта гардиданд, огоҳ намуда, таъкид кард, ки ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳифзу ҳимояи марзу буми ватан омода бошем.
Комиссари ноҳия Аҳад Аҳмадзода вобаста ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, афзун намудани сафи ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонони ватандӯсту матинирода сухан ронда, иброз дошт, ки бояд падару модарон дар сафарбарии фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ иқдом варзанд ва аз аввалинҳо шуда писаронашонро баҳри ҳимояи марзи Ватан дар мизҳои ҳарбии ҷамоатҳо номнавис кунанд.
Сардори ШВКД-и ноҳия Муҳаммадӣ Қосимзода доир ба ҷараёни салафия ва оқибати хатарҳои он, ки боис ба ихтилофҳои мазҳабӣ гардида, суботи сиёсии ҷомеаро барҳам мезанад, ибрози андеша намуд.
Зикр карда шуд, ки дар бештари ҳолатҳо ҷавонони ноогоҳ, ки саводи кофии динӣ надоранд, дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар кишвари Русия ба доми фаъолони ин ҳаракати мазҳабӣ афтида, ба Ватану хонаводаи худ хиёнат мекунанд, ки оқибат ин амалашон онҳоро пушти панҷара мебарад.
Вобаста ба иттиҳоду ҳамдилӣ ва пойдории сулҳу субот Асроров Фирдавсӣ, сардори шуъбаи КДАМ-и ноҳия зикр намуд, ки волидайн пайваста бо фарзандони муҳоҷири худ дар тамос шуда, аз ҳоли онҳо бохабар бошанд ва нагузоранд, ки фарзандонашон шомили ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ гарданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ раиси ноҳия Аъзам Ализода дар робита ба вазъияти ноороми сиёсии минтақа таъкид кард, ки ба қадри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бояд бирасем:
“Мо имрӯзҳо шоҳиди он гашта истодаем, ки вазъи сиёсии минтақа сол аз сол печидатару мураккаб гардида истодааст. Вақти он расидааст, ки дар фикри ҳифзу ҳимояи Ватан бошем ва фарзанданамонро дар рӯҳияи худшиносию ватанпарастӣ тарбия намуда, онҳоро пайваста ба ҳимояи марзу буми кишвар ташвиқу тарғиб намоем. Иттиҳоду ҳамдилӣ беҳтарин сипаре ҳаст, ки дар муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб метавонад истодагарӣ кунад ва ба он ғолиб ояд. Мо боварии комил дорем, ки сокинони сарбаланди ноҳия бо ҳисси баланди худшиносию ватанпарастӣ фарзандонашонро ба хидмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар менамоянд”,- иброз дошт раиси ноҳия дар охирсухани худ.
Сокинони деҳаи Навобод аз раиси ноҳия ва роҳбарони сохторҳои қудратӣ барои баргузории чунин як мулоқоти судманд изҳори ташаккур намуда, бо илҳом аз ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дастуру супоришҳои ироашударо сарбаландона ба иҷро хоҳанд расонид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ