ВАКИЛОНИ ХАЛҚ “БАРНОМАИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2030”-РО БАРРАСӢ НАМУДАНД

23.09.2022 18:12

 

23 сентябр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ иҷлосияи 12-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум таҳти раёсати раиси ноҳия Аъзам Ализода баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, вакилони халқ, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву ташкилотҳо, сарварони муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ вакилони халқ ба хотири даргузашти нобаҳангоми вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи “Дӯстӣ”-№20 Ҳокимбек Тӯтиев ва пос доштани хотираи неки сарбозони Ватан, ки аз ҳуҷуми таҷовузкоронаи Қирғизистон ба хотири ҳифзи марзу буми кишвар қаҳрамонона ҷон фидо карданд, як лаҳза хомӯшӣ ихтиёр намуданд.

Пас аз ин иҷлосия аз рӯи 5 масъала: Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 “Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030” дар ноҳия, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Сино” №12 Сафаров Бурҳон доир ба рафти ваколатҳои вакилиаш ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия ба кори худ оғоз кард. 

Аз рӯи масъалаи якуми иҷлосия муовини якуми раиси ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии “Навобод” №6  Муллосоқӣ Атовуллозода маърӯза намуда, изҳор дошт, ки бо мақсади иҷрои талаботҳои Барномаи мазкур дар сатҳи ноҳияи Мастчоҳ қарори раиси ноҳия ва нақшачорабиниҳо ба тасвиб расида, дар ин замина тибқи нақша дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ корбарӣ рафта истодааст.

Зикр карда шуд, ки новобаста аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти боло бурдани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сифатан беҳтар намудани таълиму тарбияи ҳуқуқии таълимгирандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҳанӯз ҳам сатҳи ҷинояткорӣ дар ноҳия, хусусан аз ҷониби ноболиғон афзоиш ёфтааст.

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таъкид шуд, ки фаъолон, хусусан вакилони халқ дар ҳудуди ҳавзаҳои интихоботии худ бо аҳли ҷомеа вохӯриву мулоқотҳо гузаронида, шаҳрвандонро ба моҳияти қонунҳо шинос намоянд.

Доир ба масъалаи мазкур мудири шуъбаи маорифи ноҳия Ибодулло Оқилзода ва ҳуқуқшиноси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шодиев А. ба музокира баромада, иброз доштанд, ки дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимии ноҳия вохӯриву мулоқотҳо бо намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардида истодааст.

Музокиракунандагон иброз доштанд, ки таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии  давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон дар ноҳия корҳои амалӣ анҷом дода шудаистодааст. Тарбияи ҳуқуқӣ бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд, диққати махсус ба интихоби мушаххаси гуруҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, равона гардида истодааст,- иброз доштанд зимни баромад музокиракунандагон.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома муовини раиси ноҳия Шавкат Солеҳиён баромад намуда, изҳор дошт, ки комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат, нақлиёту алоқа, хоҷагии роҳ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ то ба имрӯз 11 маротиба маҷлисҳои худро гузаронида, дар онҳо масъалаҳои асосӣ мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

Зикр карда шуд, ки саноатчиёни ноҳия дар давоми ҳашт моҳи соли 2022 ба маблағи 89 млн. 131 ҳазору 700 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5 млн. 891 ҳазору 900 сомонӣ зиёд, ё худ ба 107,1 фоиз баробар гардидааст.

“Дар шакли асл ҶДММ “Суғдсемент” 29 700 тонна семент, ба ҳамин давраи соли гузашта 69,6 %, ҶДММ “Нури Сафар” 2 403, 9 дона масулоти пластмассӣ ба ҳамин давраи соли гузашта 66,9 %,  маҳсулоти соҳибкорони инфиродӣ 14 тонна равғани растанӣ ба ҳамин давраи соли гузашта 111,1%, маҳсулоти соҳибкорони инфиродӣ 236 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ ба ҳамин давраи соли гузашта 278%, ҶДММ “Нури Сафар” 276,8 тонна маҳсулоти ширӣ истеҳсол намудаанд. Корхонаи азими саноатии ноҳия фабрикаи ресандагии ҶСП “Олим текстайл” ба номи “20 солагии Истиқлолият” аз нав ба истеҳсолот шурӯъ намуд ва ба ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл” ивази ном кард. Бояд қайд намуд, ки дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Обшорон корхонаи нави коркарди пахта ба номи ҶДММ “Шаҳром 80” ба кор оғоз кард”,- изҳор дошт зимни маърӯза Шавкат Солеҳиён.    

       Ҳамчунин зикр карда шуд дар ноҳия фабрикаи паррандапарварӣ барои 22 000 сар мурғи гӯштӣ ва фермаи чорводории ҶДММ “Некбахт” барои 200 сар моли гӯштӣ, фабрикаи паррандапарварии ҶДММ “Ҷумабой” барои 5 000 сар мурғи гӯштӣ, инчунин корхонаи истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ СИ “Ҳакимов”  ба кор шуруъ намуданд, ки дар ҳар яки ин корхонаҳо 5 - 6 ҷойи корӣ доимӣ ташкил гардидааст.

Доир ба масъалаи 3-юми рӯзномаи иҷлосия вакил аз ҳавзаи “Сино” №12 Сафаров Бурҳон Охунович оид ба рафти ваколатҳои вакилиаш ҳисобот дод.

Бо тасдиқи як қатор қарорҳои раиси ноҳия Иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум кори худро ба анҷом расонид.

Пас аз кори иҷлосия муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ вобаста ба таълиму тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти ваноатию кишоварзӣ сухан ронда, барои ноил гардидани ба дастовардҳои назаррас дар ҷамъбасти нуҳмоҳа ба масъулин дастур ва маслиҳатҳои муфид дод.

Дар анҷоми кори иҷлосия раиси ноҳия Аъзам Ализода бо мақсади саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахт, иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, ҷамъоварии андозҳо, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба роҳбарон вазифаҳои мушаххас дод.


Дафтари матуботи 

Раиси ноҳияи Мастчоҳ




Паҳн кардан дар - vk.com Facebook Mail ok.ru Twitter