ОМӮЗГОР –РАВШАНГАРИ РӮЗГОР ВА САОДАТБАХШИ ИНСОНИЯТ
Паёми табрикии Раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода бахшида ба Рӯзи омӯзгор
Устодону омӯзгорони азиз ва муҳтарам кормандони соҳаи маориф!
Иди касбии аҳли маорифи мамлакат - Рӯзи омӯзгор, ки ҳар сол оғози моҳи октябр дар Тоҷикистони маҳбубамон таҷлил мегардад, дар даврони Истиқлолият мазмуну моҳияти баланд касб намудааст. Ин санаи фархунда ҳамасола дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи ихлосу эҳтиром ва қадршиносӣ аз заҳмату фидокориҳои муаллимону мураббиён, устодон ва тамоми аҳли маориф ҷашн гирифта мешавад. Бинобар ин, бо камоли эҳтирому самимият ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни фархундаи аҳли мактабу маориф – Рӯзи омӯзгор аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсан аз номи худам табрику муборакбод гуфта, бароятон пеш аз ҳама тансиҳатию умри дароз, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ, саодати рӯзгор ва дар ҷодаи пуршарафи таълиму тарбияи шогирдон комёбию пешравиҳои бузургро таманно дорам.
Бо таҷлили Рӯзи омӯзгор аҳли ҷомеа, аз ҷумла мо роҳбарону кормандони хизмати давлатӣ ва дигар соҳаҳо иззату икром ва эътиқоду қадрдонии худро ба афрӯзандагони илму дониш – омӯзгорони азиз баён менамоем. Зеро, омӯзгор равшангари рӯзгор, раҳнамои наҷот, боғбони боғи маърифат, мураббӣ ва саодатбахши инсоният мебошад. Ба таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад”.
Воқеан, маҳз дар натиҷаи заҳмати шабонарӯзӣ, саъю талоши фидокорона ва хизмати қаҳрамононаи омӯзгорону мураббиёни асил ва устодони азиз шогирдони арзандаву сазовор ба камол расида, миллату давлати худро ободу пешрафта мегардонанд.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани беҳтарин шароит барои таълиму тарбия, инчунин қадршиносию арҷгузорӣ аз заҳматҳои фидокоронаи аҳли маориф дар меҳвари сиёсати инсонпарваронаву ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Чуноне, ки дар суханронии Пешвои миллат ба ифтихори Рӯзи дониш омадааст: “Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои рушди соҳаи маориф ва илм, фароҳам овардани шароити муосир барои таълиму тарбияи наслҳои ояндасози Ватан ва омода намудани кадрҳо барои иқтисоди миллӣ то имрӯз бисёр иқдомоти созанда ва ба оянда нигаронидашударо амалӣ гардонид.
Зеро давлатро танҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ва шахсони дорои дигар ихтисосҳои замонавӣ, яъне кадрҳои баландихтисос обод мекунанд.
Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд.
Дар 31 соли соҳибистиқлолӣ бунёд кардану таъсис додани 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели возеҳи иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошад.
Танҳо дар соли 2021 ва шаш моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави мамлакат 247 муассисаи навбунёди таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 110 ҳазор хонанда ба истифода дода шудааст”.
Қобили таъкид аст, ки дар даврони Истиқлолият соҳаи мактабу маорифи ноҳияи Мастчоҳ низ рушду такомул ёфт. Дар ин давра дар ноҳия зиёда аз 21 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 13 адад муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 2 адад кӯдакистони хусусӣ, 2 коллеҷ, бинои нави шуъбаи маориф бунёд гардида мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар ифтитоҳи 5 адади он, аз он ҷумла муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 дар маҳаллаи “Ҷавонӣ”-и деҳоти Палдорак моҳи марти соли 2011, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 дар маҳаллаи “Андарвашт”-и деҳоти Оббурдони ноҳия, дар моҳи марти соли 2016, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 дар маҳаллаи “Ганҷобод”-и шаҳраки Суғдиён, бинои нави шуъбаи маориф ва кӯдакистони хусусии “Ваҳдат” дар моҳи сентябри соли 2020 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита иштирок ва суханронӣ карда, ҳамзамон аҳли маорифро дастуру ҳидоятҳои созанда доданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дурдасттарин маҳалҳои ноҳия соҳиби мактабҳои замонавӣ гардида, таъсис ва фаъолияти Коллеҷи омӯзгории ноҳия, ки ҳамсоли Истиқлол мебошад, барои таъмини муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои омӯзгорӣ нақши барҷаста гузошт.
Бо вуҷуди пешравию муваффақиятҳо, айни замон дар соҳаи маориф мушкилоту муаммоҳои ҳалталаб ҷой доранд. Барои ҳалли онҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тамоми имкониятҳоро равона карда истодааст. Боварии комил дорам, ки ҳамаи Шумо –муҳтарам омӯзгорон ва кормандони соҳа дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат, дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи самимии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва талошҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба илму маориф саҳми худро мегузоред. Шогирдони донишманду хушахлоқ ва сазовори миллату Ватанро ба камол расонида, боз ҳам парчами илму маърифатро баланд мебардоред. Тантанҳои имсолаи Рӯзи омӯзгор дар айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни фархундаи 30-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии мамлакат рост омадааст. Бинобар ин, бо камоли эҳтиром Шуморо ба шарафи ин санаи муҳим, инчунин Рӯзи забони давлатӣ ва бори дигар Иди касбии кормандони соҳаи маориф табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, саодати зиндагӣ ва тамоми хушиҳои оламро таманно дорам.
Рӯзи омӯзгор муборак, устодону омӯзгорони азиз!