МАРОСИМИ ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БА ХИДМАТИ ҲАРБӢ
Субҳи имрӯз, 1 октябри соли 2022 дар майдони Парчами шаҳраки Бӯстон ба муносибати гусели аввалин гуруҳи ҷавонони синни даъватӣ ба хизматӣ ҳарбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар маросим гусел раиси ноҳия Аъзам Ализода, комиссарияти ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва падару модарони даъватшавандагон иштирок доштанд.
Раиси ноҳия зимни суханронӣ иброз дошт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи давлат ва сипари боэътимоди миллат буда, ҳифзи Ватан ва ҳимояи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи суханронӣ Аъзам Ализода ба падару модарони даъватшавандагон, ки фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда, сарбаландона барои адои қарзи шаҳрвандии худ сафарбар менамоянд, изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.
“Ман бо истифода аз фурсати мусоид ба падару модарон ва хешу ақрабои шумо, ки бо амри дилу виҷдон барои хизмати ҳарбӣ омодагӣ дидаед, сипосу миннатдории самимии худ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро баён менамоям. Шумо - ҷавонписарони делеру шуҷои Ватан ҳамеша боиси ифтихори мо мебошед”,- зикр намуд раиси ноҳия Аъзам Ализода.
Сипас комиссари ноҳия Аҳад Аҳмадзода вобаста ба иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 сентябри соли 2022, №45 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004” суханронӣ намуда, зикр кард, ки саҳмгирӣ дар татбиқи амру фармонҳои Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусалллаҳи кишвар ва пурзӯр намудани тарбияи ахлоқию ватандӯстии ҷавонони синни даъватӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар самти мудофиа ва ҳимояи ватан ва марзу буми кишвар мебошад.
“Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз як гуруҳ ҷавонписарони шуҷою далер довталабона ҳозир шудаанд, ки то қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан сарбаландона адо намоянд. Ба падару модарони онҳо сипосу миннатдории худро баён менамоем, ки фарзандони ватандӯсту худшинос тарбия намудаанд.”,- изҳор дошт комиссари ноҳия.
Даъватшаванда Амонзода Комилҷон, ки довталабона ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мешавад, зимни суханронӣ иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барояш ифтихор ва шарафи бузург аст.
“Ман имрӯз бо сари баланд ва ифтихормандона изҳор медорам, ки бо ҳидоятҳои волидайнам омодагӣ ба хизмати ҳарбиро гирифтам. Аз номи як гурӯҳ ҷавонони синни даъватӣ, ки имрӯз сарбаландона ба хизмат сафарбар мешаванд, барои дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, хусусан ба раиси ноҳия муҳтарам Аъзам Ализода, ки ба курси бозомӯзии ронандагӣ дар назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа фаро гирифта шуда, онро хатм карда, соҳиби ҳуҷҷати ронандагӣ гардиданд, изҳори сипос менамоям.”, - гуфт Амонзода Комилҷон.
Сархатиби ноҳия Абдуҷаббор Мирзобеков, собиқадорони меҳнат Ҳасан Гулов ва Ҳасанҷон Ҳасанов ба ҷавонписароне, ки довталабона омодагии хизмати ҳарбиро пеш гирифтаанд, ҳидоят ва дуоҳои нек дода, иброз доштанд, ки “Ватан ягона арзише ҳаст, ки дар ҳеҷ давру замон моҳият ва маҳбубияти худро аз даст додан наметавонад ва барои шаҳрвандонаш муқаддасу азиз мемонад”.
Дар фарҷом ба 80 нафар даъватшавандагоне, ки бо ибтикор ва дастгириҳои раиси ноҳия Аъзам Ализода дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ курси ронандагиро таи ду моҳи охир омӯхтанд, имрӯз бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ дар қатори дигар ҷавонписарони ноҳия ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардиданд.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ