ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ
1 октябр дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори Рӯзи омӯзгор чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раиси ноҳия Аъзам Ализода, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Мунира Шарифова, собиқадорони маориф, омӯзгорон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва донишҷӯёну хонандагон иштирок доштанд.
Нахуст раиси ноҳия омӯзгорони ноҳияро ба иди касбиашон самимона табрик гуфта, изҳор дошт, ки “омӯзгор равшангари рӯзгор, раҳнамои наҷот, боғбони боғи маърифат, мураббӣ ва саодатбахши инсоният мебошад.”
“Қобили таъкид аст, ки дар даврони Истиқлолият соҳаи мактабу маорифи ноҳияи Мастчоҳ низ рушду такомул ёфт. Дар ин давра дар ноҳия зиёда аз 21 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ, 13 адад муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 2 адад кӯдакистони хусусӣ, 2 коллеҷ, бинои нави шуъбаи маориф бунёд гардида мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар ифтитоҳи 5 адади он Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита иштирок ва суханронӣ карда, ҳамзамон аҳли маорифро дастуру ҳидоятҳои созанда доданд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дурдасттарин маҳалҳои ноҳия соҳиби мактабҳои замонавӣ гардиданд. Боварии комил дорам, ки ҳамаи Шумо –муҳтарам омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат шогирдони донишманду хушахлоқ ва сазовори миллату Ватанро ба камол расонида, боз ҳам парчами илму маърифатро баланд мебардоред”,-иброз дошт раиси ноҳия Аъзам Ализода.
Дар идома намояндаи Раёсати маорифи вилояти Суғд Мунира Шарифова номаи табрикии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба аҳли маорифи ноҳия қироат намуда, афзуд, ки “Рушди ҷомеа, таъмини амнияти ҷамъият ва давлат, сифати зиндагии мардум, расидан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисодиёт, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман, рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маориф, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия вобаста аст.”
Зикр карда шуд, ки “омўзгорони болаёқат, пешқадаму эҷодкори мо дар иҷрои рисолати касбии худ содиқ монда, дар таълиму тарбия ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.
Пас аз паёми шодбошиҳо дар вазъияти тантанавӣ як зумра кормандони соҳаи маориф, омӯзгорони пешқадам ва собиқадорони соҳа бо мукофоти соҳавии Нишони сарисинагии Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сипосномаҳои раиси ноҳияи Мастчоҳ, Сипосномаҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд ва Ифтихорномаҳои шуъбаи маорифи ноҳия қадршиносӣ гардиданд.
Барномаи рангини консертии бахши фарҳанги ноҳия чорабиниро шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси ноҳияи Мастчоҳ